ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар нишасти ғайринавбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Саммити фавқулоддаи исломии сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои СҲИ, мавқеъи Тоҷикистонро нисбати қазияи Фластину Исроил гуфтааст, хабар медиҳад ВУХ.
Вазири корҳои хориҷӣ зимни суханронии худ мавқеи собити Тоҷикистонро дар робита ба қазияи Фаластину Исроил ва мақоми Байтулмуқаддас бори дигар ироа намуда, аҳаммияти ҳамбастагии ҷомеаи байналмилалӣ ва талошҳои созандаро ҷиҳати ҳалли одилонаю фарогири масъалаи мазкур таъкид намудааст.
Нишасти ғайринавбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Саммити фавқулоддаи исломии сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ, рӯзи 18 майи соли 2018 дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия баргузор гардидааст.
Ҳайати Тоҷикистонро дар нишастҳои мазкур вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов роҳбарӣ кардааст.
Ёдоварӣ мекунем, ки чаде пеш ВУХ Тоҷикистон бо изҳороте, хунрезӣ дар навори Ғазза ва кушта шудани даҳҳо шаҳраванди Фаластинро, ки ба тазоҳуроти осоишта баромада буданд, қотеона маҳкум кард.
Дар ин росто Тоҷикистон даъват карда, ки низоъ бар асоси қатъномаи Шӯрои амнияти СММ ҳал шавад.
"Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъкид бар зарурати ҳатмии ҳалли низоъ бар асоси қатъномаҳои маълуми Шӯрои амнияти СММ, аз ҳамаи ҷонибҳо даъват ба амал меорад, ки аз истифодаи зӯр ва амалҳое, ки поя ва асоси сулҳу суботро аз байн мебаранд, худдорӣ намоянд", —омадааст дар изҳорот.
Ин дар ҳолест, ки дар паи амалиёти нерӯҳои Исроил дар Ғазза, рӯзи 14-уми май даҳҳо фаластинӣ кушта ва маҷрӯҳ шуданд.
Фаластиниён ба зидди кӯчонидани сафорати Амрико ба Байтулмуқаддас ба эътироз баромаданд, вале Исроил мегӯяд, тазоҳургарон мехостанд, дар марз маводи тарканда бигузоранд.