Раиси Кумитаи ҷавонон: таҷлили Рӯзи ҷавонон иқдоми бевоситаи Раҳмон буд

© SputnikАхтам Абдуллозода
Ахтам Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин нуктаро раиси Кумитаи ҷавонони Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода дар ҳамоиши ҷумҳуриявӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон гуфтааст

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  ва бо сарпарастии Рустами Эмомалӣ Форуми ҷумҳуриявии намояндагони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо баргузор гардидааст, хабар медиҳад равобити умумии Кумитаи кор бо ҷавонон.

Ин ҳамоиш дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумита бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар бинои Муассисаи давлатии "Душанбе – Плаза" таҳти унвони "Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат" бо ширкати беш аз 100 нафар мутахассисони ҷавон гузаронида шудааст.

Иштирок дар 45-умин нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ба СҲИ: барои ҷавонон ҷои кор таъсис диҳед

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода ҳозиринро ба муносибати баргузории моҳвораи ҷавонон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, табрик гуфтааст.

"Мо хуб огоҳ ҳастем, ки таҷлили Рӯзи ҷавонон падидаи замони истиқлолият буда, иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии пайвастаи ҷавонон ва қадрдонӣ аз заҳмату талошҳои онҳо баҳри нафъи Ватану миллат амалӣ мегардад. Боиси хушнудист, ки имрӯз дар роҳи ҳалли масъалаи ҷавонон дар тамоми солҳо аз ҷониби давлату Ҳукумат тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардида истодааст", —гуфтааст ӯ.

Аҳтамзода эълон гардидани соли 2017 "Соли ҷавонон"-ро барои кулли ҷавонони кишвар тӯҳфаи фаромӯшнашванда ва саршор аз таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва дастоварду комёбӣ гуфтааст.

"Тавре ки дар Паёми навбатии Президенти кишвар таъкид гардид, ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо "Соли ҷавонон" маҳдуд намешавад, баръакс ҳалли масъалаи вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ ҳамчун самти муҳимтарини фаъолияти мо интихоб хоҳад гардид", — гуфтааст Абдуллозода.

Раиси кумита дар идома аз мухассисони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо даъват кардааст, ки онҳо бояд дар партави сиёсати Пешвои миллат дар раванди ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамзамон воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа, роҳи дурусти тавсияи тафаккури миллӣ, таҳкиму устуворгардонии пояҳои давлатдории навини тоҷик ва рушди иҷтимоию сиёсии ҷомеаро пеша намоянд.

Лентаи хабарҳо
0