ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Боздиди сарони давлатҳо аз бӯстонсаройи беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб оғоз ёфта, дар мавзеи Такоби ҳамин ноҳия идома ёфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ба гузориши манбаъ, сайру гашти меҳмони олимақом дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт.
Ба Александр Лукашенко намунаи гулҳои ороишӣ ва буттаву дарахтони гуногун намоиш дода шудааст.
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко дар Бӯстонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Варзоб гашту гузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ ҳаловат бурдаанд.
Александр Лукашенко аз меҳмоннавозии гарми анъанавии тоҷикӣ, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, қаноатманд шудааст.
Нимаи дуюми рӯзи 16 май сафари расмии раисҷумҳури Беларус дар Тоҷикистон анҷом ёфта, Александр Лукашенко аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Минск баргаштааст.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмонро бо нишони эҳтирому самимияти баланд Эмомалӣ Раҳмон гусел кардааст.
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Беларус бо ҳайати бонуфузи расмии кишвараш рӯзҳои 14 то 16 май бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошт.
Зимни ин сафари бобарор Александр Лукашенко бо Эмомалӣ Раҳмон суҳбату мулоқотҳои самимию созанда доир карданд.
Аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки бахшҳои тиҷорату иқтисод, илму маориф, тандурустӣ саноат, мудофиаи гражданӣ, кишоварзӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва сармоягузориро дар бар мегиранд.
Акнун шумораи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Беларус ба наздики 100 адад расидааст.
Руйдоди муҳими ин сафари расмӣ баргузории форуми соҳибкорони Тоҷикистон, Беларус, Афғонистону Узбакистон, иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистону Беларус дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи молу маҳсулоти Беларус ва ба истифода додани марҳилаи аввали корхонаи муштараки тракторсозии Тоҷикистону Беларус дар шаҳри Ҳисор мебошад.