ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе бахшида ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон, ронандаи микроавтобуси рақами 33 роҳкироро барои тамоми сокинон ройгон кардааст.
Ин микроавтобус мусофиронро дар давоми ду рӯз бепул ба манзил мерасонад.
"Иқдоми нек!!! Бахшида ба моҳи шарифи Рамазон роҳкиро ройгон",- навиштааст вай дар пештоқи худрав.
© SputnikХизматрасонии ройгон бахшида ба моҳи шарифи Рамазон
Хизматрасонии ройгон бахшида ба моҳи шарифи Рамазон
© Sputnik
Ронандаи ин микроавтобус, ки хост номаш ифшо нашавад ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин иқдоми шахсии вай аст.
Ҳамаи мусофирон дар давоми ду рӯз метавонанд ба воситаи ин худрав метавонанд ба манзилашон расанд.
Ёдовар мешавем, ки ин иқдом аз ҷониби ронандагон дар шаҳри Душанбе бори аввал набуда, пештар низ ба қайд гирифта шуда буд.