Путин савори КамАЗ пули мошингарди Қримро ифтитоҳ кард. Навор

Обуна шудан
Пули мошингарди Қрим расман ба истифода дода шуд

Путин савори худрави КамАз тариқи пули мошингард  дар давоми  16 дақиқа то минтақи Керчи вилояти Краснодари Русия расид. 

Раисҷумҳури Русия бо суханони "Биёед биравед" худрави КамАЗро худаш ронандагӣ кард. 

"Ҳамааш бароҳат аст, олиҷаноб, умедворам пойдор аст. Ин роҳ ба таври муосир ва хуб сохта шудааст. Ман фикр мекунам ба мардум хуш меояд", — гуфт раисҷумҳур. 

Путин умедвор аст, ки қисми дуюм ва сеюми пули Қрим сари вақт ба истифода супорида хоҳад шуд.

Пули мошингарди Қрим тариқи гулӯгоҳи Керч гузашта Қримро ба вилояти Краснадари Русия пайваст мекунад —дарозии он 19 километр буда дарозтарин пул ба ҳисоб меравад.   

Қарор буд ифтитоҳи Пули Қрим декабри соли 2018 сурат бигирад, аммо сохтмончиён онро пеш аз вақт супурданд. Ба гуфти муовини сарвазири ҳукумати Қрим Дмитрий Полонский ифтитоҳи Пули Қрим пирӯзии бузурги сиёсати Русия мебошад. 

"Бино бар таҳримҳо Русия тавонист дар муҳлати кӯтоҳтарин ин пружаи бузурги инфрасохториро анҷом диҳад. Русия бори дигар ба тамоми дунё исбот кард, ки давлати бузург буда дар замони мушкил метавонад пирузӣ ба даст биёрад", — гуфтааст Полонский ба хабаргузории РИА Новости. 

Рузӣ 16 май байкер Александ Золдостанов бо тахалуси Хирург сафи байкеронро роҳбарӣ мекунад. Қарор аст гуруҳи ӯ аз Пули Қрим ба тарафи Керч биравад, гуруҳи дигари моторсиклсаворон аз Таман ба сӯи Қрим. 

Беш аз ҳазор байкерҳо бо парчамҳои Русия аз ҳарду тарафи Пули Қрим равона мешаванд  то дар байни пул бо якдигар дидор кунанд.

Лентаи хабарҳо
0