Лукашенко: Тоҷикистон аз Чин тезтар рушд дорад

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Беларуси Александр Лукашенко и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Беларуси Александр Лукашенко и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Белорус ва Тоҷикистон тасмим гирифтаанд равобити тиҷоративу иқтисодиро густариш дода ба бозорҳоя якдигар ворид шаванд

ДУШАНБЕ, 15 мая — Sputnik. Белорус бо диққат рушди Тоҷикистонро назорат дорад, таъкид кардааст Александр Лукошенко зимни мулоқоти худ бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Рамон.

"Ман ҳамеша бо хушнудӣ таъкид мекунам, ки суръути рушди Тоҷикистон аз Чин беҳтар аст. Ин бисёр хуб аст. Мо бо чашми худ мебинем, ки то чm андоза пойтахти Тоҷикистон тағйир ёфтааст" — гуфтааст Александр Лукошенко.

Президент Белоруссии Александр Лукашенко и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Белорус 15 созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд

Ба гуфти раисҷумҳури Белорус, тағйироти назаррасро дар Душанбе шаб ҳангоме, ки ба фурудгоҳи Душанбе фуруд омад, мушоҳида кардааст. Илова бар ин, вай афзуд, ки мехоҳад Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои пешрафта бубинад, чунки мардуми ин кишвар сазоворанд. Дар ин росто корҳои зиёде анҷом дода шудааст.

"Ман ба Тоҷикистон барои боз ҳам беҳтар намудани ҳамкориҳо омадам" — таъкид кардааст раисҷумҳури Белорус.  Ин ҳам дар ҳолест, ки дар Душанбе форуми тиҷоратии тоҷирони Тоҷикистону Белорус баргузор шуд, ки дар он тоҷирон аз  дигар кишварҳои ҳамсоя иштирок намуданд.    

Ҳаракати нав

"Бо ҳам ба сӯи дигар кишварҳо ҳаракат мекунем ва равобити тиҷоративу иқтисодиро беҳтар мекунем",- афзудааст Лукашенко.

Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда аст, ки Белорус барои Тоҷикистон шарики асосӣ мебошад.

Мақомоти Тоҷикистон ба сафари раисҷумуҳури Белорус Александр Лукашенкоро ба Тоҷикистон аҳамияти хос медиҳад.

"Итминон дорам, ки натиҷаҳои он барои рушди ҳамкории мутақобил ва дустӣ миёни ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад",  таъкид кард раисҷумҳури Тоҷикистон.    

Лентаи хабарҳо
0