Тоҷикистону Белорус 15 созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Белоруссии Александр Лукашенко и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Белоруссии Александр Лукашенко и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар чорчуби сафари расмии Александ Лукошенко ба Тоҷикистон тарафҳо 15 созишномаи нави ҳамкорӣ имзо карданд

ДУШАНБЕ, 15 май- Sputnik.Бино ба иттилои хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон, дар ҷараёни музокироти хоссаи сарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко, масъалаҳои муҳими рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни музокирот дар сатҳи олӣ ҷонибҳо ҳамчунин маслаи тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои афзалиятноки фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, робитаҳои муассисаҳои олии таълимӣ, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси тиббӣ дар кишварҳои якдигар, баррасӣ намудаанд.

Президент Белоруссии Александр Лукашенко и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Истиқболи гарми Эмомалӣ Раҳмон аз Александр Лукашенко дар Қасри миллат

Дар фарҷоми музокирот 15 созишнома дар аксари соҳаҳои калидии ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус имзо шуд.

Кишвардорони Тоҷикистону Беларус Изҳороти муштаракро дар хусуси таҳкими дӯстӣ ба имзо расониданд.

Дар ҳузури сарони ду давлат санадҳои зерини байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расонида шуданд:

— Барномаи машваратҳо байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Беларус барои солҳои 2018-2019;

— Нақшаи чорабиниҳо дар бораи рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва гуманитарӣ миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи шаҳри Мински Беларус барои солҳои 2018-2019;

— Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти экспертизаи судӣ байни Вазорати адлияи Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии экспертизаҳои судии Беларус;

— Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти экспертизаи судӣ байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии экспертизаҳои судии Беларус;

— Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тибби судӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии экспертизаҳои судии Беларус;

— Созишнома миёни Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Белорус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маълумоти томактабӣ;

— Созишнома байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Вазорати саноати Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат;

— Созишнома байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ;

— Барномаи ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Беларус "Харитаи роҳ" барои солҳои 2019-2020;

— Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амволи Беларус;

— Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Кумитаи назорати давлатии Беларус;

— Созишнома оид ба ҳамкории илмӣ миёни Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Беларус;

— Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2018-2020 ҷиҳати иҷрои Созишнома байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи соли 2011 дар шаҳри Душанбе имзо шудааст;

— Созишномаи ҳамкории таълимӣ ва илмӣ байни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Беларус.

Айни ҳол заминаи меъёриву ҳуқуқии муносибатҳои ду кишварро беш аз 80 санади муҳим танзим менамояд, ки бахшҳову соҳаҳои афзалиятноки ҳамкориро дар бар мегирад.

Лентаи хабарҳо
0