ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Белорус бештар ба тарҳҳои чорводорӣ ва коркарди маҳсулоти чорводрӣ ба хусус дар соҳаи тиҷорати маҳсулоти шир такя мекунад.
Дар ин бора дар форуми тиҷоратӣ, ки имрӯз дар Душанбе баргузор шудааст вазири кишоварзӣ ва озуқаи Беларус Леонид Заятс, гуфтааст, иттилоъ медиҳад расонаҳои расмии белорусӣ.
Ба гуфти вай Беларус дар соҳаи тавлид ва коркарди маҳсулоти ширӣ имкониятҳои зиёд дорад.
"Мо омодаем дар Тоҷикистон, инчунин Афғонистон, Узбакистон ва Қазоқистон корхонаҳои муштарак барои коркарди шири Белорус бо технологияҳои муосир бисозем" — гуфтааст Леонид Заятс.
Ҳамчунин вазири кишоварзии Белорус таъкид кардааст, ки кишвараш омода аст корхонаи муштараки коркарди гушт, фермаҳои истеҳсоли шир бо таҷҳизот ва таҳвили чорво бисозад.
Дар соҳаи саноат Белорус метавонад лоиҳаҳои мошинсозиро пешниҳод намояд. Белорус имкон дорад корхонаҳои тракторсозиву таҷҳизоти комуналӣ ташкил кунад.
Дар доираи форуми тиҷоратӣ ёддошти тафоҳум миёни Тоҷикистону Белорус дар бораи тракторҳои пахтачинӣ МТЗ ба имзо расидааст.
Ҳамчунин шартнома миёни тоҷирони тоҷику истеҳсолкунанагони Белорус дар бораи содироти дору ба Тоҷикистон ба имзо расида аст.