ДУШАНБЕ, 14 май— Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода гуфтааст, ки роҳбарияти Суғд бо истифода аз тамоми василаҳо дар моҳи шариф барои мардум нархҳоро дастрас ва фаровониро дар бозорҳо таъмин намуда, баҳри ҷилавгирӣ аз афзоиши нархи маҳсулоти ниёзи аввал чораҳо меандешад.
Рӯзи якшанбеи 13 май раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, аз бозори марказии "Панҷшанбе"-и шаҳри Хуҷанд боздид кардааст, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.
Роҳбари вилоят ба масъалаи корҳои ободонии атрофи мавзеъи бозори "Панҷшанбе", бахусус назди Арт — галерияи "Сомониён", масҷиди Шайх Муслиҳиддин таваҷҷуҳ зоҳир намуда, баҳри ободу ороста намудани он ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва масъулин дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Раҷаббой Аҳмадзода то ҳол аз таъмир нашудани даромадгоҳи бозори "Панҷшанбе" изҳори нигаронӣ намуда, барои анҷоми корҳои навсозӣ масъулинро вазифадор кардааст.
"Бозори "Панҷшанбе" симои шаҳр аст, аз он меҳмонону сайёҳон боздид намуда, ба маданияти шаҳрдории миллати мо баҳо медиҳанд ва таъмиру таҷдиди он вазифаи ҷонии роҳбарияти имрӯзаи бозор аст", — гуфтааст ӯ.
Раҷаббой Аҳмадзода гуфтааст, ки роҳбарияти Суғд бо истифода аз тамоми василаҳо дар моҳи шариф барои мардум нархҳоро дастрас ва фаровониро дар бозорҳо таъмин намуда, баҳри ҷилавгирӣ аз афзоиши нархи маҳсулоти ниёзи аввал чораҳо меандешад.
Раиси вилоят зимни боздид аз вазъи нигоҳдории бозор изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулин дастур додffcn, ки бо таъсиси комиссияи вижа дар муҳлатҳои кутоҳтарин симои зоҳирии бозор ба куллӣ дигаргун карда шавад.