Меҳрона дар бораи оштӣ бо холааш: чашмони ӯ аз гиря варам карда буд. Навор

Обуна шудан
Дар рӯзҳои танаффус аз сабти озмун, Меҳрона Ғайбуллоева барои оштӣ бо холааш ба Душанбе сафар карда буд

Ба ҳамаи мушкилиҳои зиндагии ҷавони худ нигоҳ накарда, Меҳрона зиндагидӯстдор мемонад.

Мехрона Гайбуллоева на международном конкурсе Ты супер! - Sputnik Тоҷикистон
Посухи тунди Меҳрона Ғайбуллоева ба Игор Крутой дар пахши мустақими озмун

"Ман хушбахтам, ки зиндагӣ мекунам, ки дар озмуни "Ту беҳтаринӣ!" ширкат дорам", —мегӯяд Меҳрона.

Пас аз пирӯзӣ дар даври дуюми озмун, Меҳрона барои дидор бо аҳли хонаводааш ба Тоҷикистон сафар кард.

"Вақте ман дар фурудгоҳ будам, чанд кас маро шинохт бо ман акс гирифтанд, албатта шод шудам", — гуфт ӯ.

Вале дар толори фурудгоҳ Меҳрона-шасми асосӣ-холаашро надид. 

"Ман ӯро дар фурудгоҳ надидам. Ӯ маро чаҳор соат интизор шуд. Чашмони ӯ аз гиря варам карда буд. Ман ба холаам наздик шудаму ба ӯ шириниҳо тақдим кардам ва гуфтам: "Маро бубахш, модарҷон!", —нақл мекунад Меҳрона.

Пас аз оштӣ, холаи Меҳрона пешниҳод кард, ки гузаштаро фаромӯш кунаду бо хонаводаи ӯ зиндагӣ кунад.

"Намедонам чигуна, вале ман гуфтам не, Худо хоҳад ман худам ҳамаи чизро ба даст меорам",-мегӯяд бо табассум Меҳрона.

Лентаи хабарҳо
0