Посухи тунди Меҳрона Ғайбуллоева ба Игор Крутой дар пахши мустақими озмун

© © НТВМехрона Гайбуллоева на международном конкурсе "Ты супер!"
Мехрона Гайбуллоева на международном конкурсе Ты супер! - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳангоми эфири “Ту беҳтаринӣ!” Меҳрона Ғайбуллоева дар робита ба баромадаш дар марҳалаи нимниҳоии озмун бо оҳангсози машҳур Игор Крутой вориди баҳс шуд

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Ширкаткунандаи озмуни "Ту беҳтаринӣ!" аз Тоҷикистон Меҳрона Ғайбуллоева ба марҳалаи ниҳоии озмун баромада натавонист. Ӯ дар саҳна бо суруди "Туро ҷӯстам" баромад кард, вале дастгирии доваронро пайдо накард. Тугмачаи сабзро танҳо овозхон Юлианна Караулова пахш карду халос, ҳол он ки барои ғалаба пахши ҳама чаҳор тугмачаи "Ҳа" лозим буд.

Оҳангсоз Игор Крутой мавқеи худро чунин фаҳмонд: ба ақидаи ӯ, баромади Меҳрона савтан заъиф буд.

"Ман имрӯз натавонистам тугмаи сабзро пахш кунам. Ту маро на ба ҳайрат оварда тавонистиву, на шигифтзада кардӣ. Ман бар онам, ки имрӯз ту натавонистӣ каме пештар равӣ", — шарҳ дод амали худро Игор Крутой.

Меҳрона суханони ӯро бурида, вориди баҳс шуд, ки ин танҳо фикри ӯсту, вай бо он куллан розӣ нест.

"Хайр ин фикри Шумост, вале на аз ман. Ба назарам, ман ширкаткунандаи шоиста ва  сазовори ғалабаам", — ҷавоб дод Меҳрона.

Выступление Мехроны Гайбуллоевой на полуфинале Ты супер! - Sputnik Тоҷикистон
Ман сазоворам: Меҳрона Ғайбуллоева озмунро тарк мекунад. Навор

Аъзоёни дигари ҳайати ҳакамон чунин рафтори дағалонаи Меҳронаро интизор набуданд.  Прдюсер Виктор Дробиш ба зудӣ нимфиналисткаи "Ту беҳтаринӣ!"-ро ором кардан хоста, ба ӯ ёдовар шуд, ки дар муқобили ту шахси муътабар нишастааст, ки на як даҳсолаи умрашро барои ҷустуҷӯи кӯдакони боистеъдод сарф кардааст. 

"Мехоҳам ба ту хотиррасон кунам, ки Игор Крутой садҳо мисли ту баринҳоро тарбия ва ба воя расонидааст. Вай устоди воқеан эътирофшудаи касби худ ва ҳунарманди мардумӣ мебошад. Ба ту лозим аст, ки муносибабтатро на ба оҳангҳо, балки ба зиндагиву одамон дигар кунӣ. Кӯшиш кун то моро дарк намоӣ. Дар бораи мусиқӣ бошад, ҳоҷати гап ҳам нест", — ибрози назар кард Дробиш. 

Барандаи телевизион Вадим Такменев кӯшиш кард то дағалии Меҳронаро нисбат ба Игор Крутой, ки зери эҳсосот ба вуқӯъ омада буд, фаҳмонад. "Ман ҳоло ба ҷои Meҳрона ба шумо мегӯям: "Мебахшед!" барои чунин як вокуниш. Шумо бисёр чизҳоро намедонед. Дар каллаи ӯ алъон чунин фикрҳое ҷой гирифтаанд, ки озмуни "Ту беҳтаринӣ!" ба охир расид ва ба хона баргаштан лозим аст, ки дар он ҷо на ҳама чиз оддиву фаҳмо аст. Меҳрона, ту бисёр духтари қавиӣ. Ту ба чунин сатҳи баланд расидаӣ — нимниҳоии озмуни байналмилалии савтии "Ту беҳтаринӣ!".

Ту аз ӯҳдаи ҳама кор мебароӣ. Ягона чизеро, ки ҳоло ман мехоҳам, ин муроҷиат ба мақомоти Тоҷикистон аст. Лутфан, барои баррасӣ ва ҳалли тамоми мушкилоти Меҳрона кумак кунед", — хоҳиш кард Вадим Такменев.

Меҳрона Ғайбуллоева бо чашмони пур аз ашк эътироф кард, ки ӯ каме ғалат кардааст ва дар назди аъзоёни ҳакамон узр пурсид.     

Лентаи хабарҳо
0