Даҳҳо шаҳру навоҳии вилояти Суғд номгардон шуданд

© Sputnik / Фируз УмарзодаХуджанд, архивное фото
Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум қарори номгардон кардани даҳҳо шаҳру навоии вилояти Суғд қабул шуд

ДУШАНБЕ, 13 май- Sputnik. Чандин маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Истаравшану Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд номгардон шуд.

Бо пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон ва Қарори  Маҷлиси миллӣ номи ҳашт деҳаи шаҳри Истаравшан — деҳаи Боявут ба деҳаи Сабзазор, деҳаи Тӯқузҷелак ба Ковиён, Қӯруқ ба Сеосиёб, Уяс ба  Ободдара, Уяли ба Навкат, Тошбек ба Курушкат, Тапқоқ ба Бодомзор, Обқарчағой ба деҳаи Оби зулол табдил дода шуд.

Таджикистан, Согдийская область - Sputnik Тоҷикистон
Дар Суғд 32 деҳаро номгардон мекунанд

Бояд зикр кард, ки ин деҳаҳо дар деҳоти Зарҳалол, Гули Сурх ва Нофароҷи шаҳри Истаравшан воқеъ мебошанд.

Инчунин деҳаҳои Янги Равот ба Работи нав, Қизилнур ба Нурафшон номгардон шуданд. Деҳаҳои мазкур дар деҳоти Пӯлотон ва  Патари шаҳри Конибодом ҷойгиранд.

Ҳамзамон бо пешниҳоди Ҳукумат ва Қарори  палатаи болоии парлумони Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров номи деҳаи Тол ба Яккабед, Кичиколчали ба Арчазор, Оқкур ба  Кондара, Каттаолчали ба Олучазор, Терак ба Сафедорон, Уяс ба Оҳучашма, Қароҷингил ба Заркон, Учбоғ ба Боғи боло, деҳаи Сотсиализм ба Соҳилоб ва деҳаи Максим Горкий ба деҳаи Дашти Амин иваз карда шуданд.

Ин деҳаҳаҳо дар деҳоти Чашмасор, Исмоил, Ёва, Хистеварз ва Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ мебошанд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳадафи табдили ном кардани маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Истаравшану Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғдро татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ, эҳёи номҳои ҷуғрофӣ ва таърихию бостонии маҳалҳои аҳолинишин гуфтааст.

© Sputnik / Victoria LyubavinaКадом шаҳру ноҳияву деҳаҳо дар Тоҷикистон номгардон шудаанд
Кадом шаҳру ноҳияву деҳаҳо дар Тоҷикистон номгардон шудаанд - Sputnik Тоҷикистон
Кадом шаҳру ноҳияву деҳаҳо дар Тоҷикистон номгардон шудаанд

Лентаи хабарҳо
0