Дар Суғд 32 деҳаро номгардон мекунанд

© Sputnik / Рубен ГарсияТаджикистан, Согдийская область
Таджикистан, Согдийская область - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вакилони халқи вилояти Суғд дар як иҷлосия иваз намудани номи 32 деҳа ва як деҳотро якдилона маъқул шумориданд

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Дар вилояти Суғд мехоҳанд номи 32 деҳаро дар чанд шаҳру навоҳиҳои вилоят номгардон кунанд. Дар ин бора дар Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум хабар дода шуд.

Тавре, муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ гуфтааст, чанд деҳа дар шаҳри Конибодом, Истаравшан, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов номгардон хоҳад шуд.

"Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов маълумот дод ва вакилони халқ иваз намудани номи 32 деҳа ва як деҳотро якдилона маъқул шумориданд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ёдрас мешавем, авохири моҳи феарл хабар дода шуд, ки вакилони Суғд пешниҳод кардаанд, ки номи бархе аз маҳалҳои Исфара ва Конибодомро иваз кунанд.

Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур,здар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора қарори дахлдор қабул шудааст.

Лентаи хабарҳо
0