ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Як сокини ноҳияи Ваҳдат Акбаршо Акрамовро барои тақдими сарупо ба хешу тобор 5000 сомонӣ ҷарима кардаанд. Дар ин бора расонаҳои расмии Тоҷикистон гузориш медиҳанд.
"Додгоҳи шаҳри Ваҳдат сокини ҷамоати шаҳраки Нуъмон Розиқ Акбаршо Акрамовро барои тақдими сарупо ба хешу табор дар туйи домодии писараш дар асоси моддаи 481 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, нисбат ба ӯ ба андозаи сад нишондиҳанда, баробар ба панҷ ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин намуд", — омадааст дар иттилои манбаъ.
Гуфта мешавад, тибқи талаботи моддаи 10 қисми 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоду арус ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арус ва падару модари онҳо манъ аст.
Пештар хабар дода шуд, ки Додситони ноҳияи Шаҳринав дар паи санҷиши иҷрои Қонуни танзими ҷашну маросимҳо чандин маврид аз қонуншикании шаҳрвандон ва бепарвоии масъулони Кумисюни танзими ҷашну маросимҳои ноҳияи Шаҳринавро ошкор кардааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон дар гузорише, ки маркази матбуотии он имрӯз мунташир карда, чанд намуна аз ин қонуншиканиҳоро бар шумурдааст.
Чунончӣ, бино бар ин гузориш, Каттаев ном ҳунарпеша бо Авғонов ном шаҳрванд қарордод набаста, дар ҷашни домодии писари вай, ки 13 январ баргузор шуда, ҳунарнамоӣ кардааст. Ин ду шаҳрванд муқаррароти банди 1 моддаи 14 Қонуни танзими ҷашну маросимро шикастаанд.
Ҳамчунин Рӯзибадалов ном шаҳрванде бар хилофи муқаррароти банди 6 моддаи 10 ин Қонун барои баргузории маросими сабти давлатии акди никоҳ ва ҷашни домодии фарзандаш бо 5 худрави саворӣ барои овардани арӯс рафта, ки бо ин кирдори худ талаботи қонунро вайрон намудааст.
Ҳамчунин Сафаров ном бошандаи ноҳияи Шаҳринав 20 январ барои баргузории сабти давлатии ақди никоҳ ва ҷашни домодии писараш 10 худрави савориро кироя карда ва банди 6 моддаи 10 Қонуни ёдшударо шикастааст.
Додситонии ноҳияи Шаҳринав нисбати ин шаҳрвандон 4 парванда оғоз карда ва барои баррасӣ ба Додгоҳи ноҳияи Шаҳринав фиристодааст.
Қарор аст, ки додгоҳ аз ин қонуншиканон 5 ҳазор сомонӣ ҷарима биситонад.