Низомиёни нерӯҳои дохилиро барои нақзи қонуни танзим аз симат барканор мекунанд

© SputnikЗдание парламента Таджикистана, архивное фото
Здание парламента Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз ин ва баъд низомиёни нерӯҳои дохилиро ҳам барои нақзи қонуни танзим аз вазифа барканор мекунанд

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Дар ин росто имрӯз, таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор шудffcn.

Дар Шӯро тарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Аъзои Шӯро таъкид намудаанд, ки мувофиқи тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур ба моддаи 15, қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад.

"Вайрон намудани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим асоси қатъ гаштани фаъолияти хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ мегардад".

дар баробари ин тарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ" мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Лентаи хабарҳо
0