ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ду сокини шаҳри Хоруғ бо иттиҳоми интиқоли наздики 50 кило ҳероин ва афюн хабар медиҳад.
Қайд мешавад, ки коркарди ахбороти оперативӣ имкон дода, ки кормандони Раёсати ВКД шаҳри Душанбе кӯшиши нашъаҷаллобонро монеъ шаванд.
Ба гузориши Вазорат, гумонбарон Шоиков Шодӣ Занҷирбекович, соли таваллудаш 1983, Ёрбеков Артур Ёдгорович, соли таваллудаш 1995, донишҷӯи соли 5-уми Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, ҳарду зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, миқдори калони воситаҳои сахттаъсири нашъадорро ба шаҳри Душанбе ворид намудаанд, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дастгир шудаанд.
Гуфта мешавад, ки гумонбарон ҳангоми аз худрави тамғаи "Нива", аломати қайди давлатиаш 3499АА04, ба дигар воситаи нақлиёт бор намудани 4 адад қуттии картонӣ, бо навиштаҷоти "Шоҳона" аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе боздошт шудаанд.
Зимни азназаргузаронии дохили қуттиҳои мусодирашуда, 47 адад бастаҳои селофании ранги зардчатобдошта ошкор ва мусодира шудааст, ки тибқи ташхис, вазни умумии маводҳо 47 килою 690 грамм буда, 45 килои он "ҳероин" ва наздики 3 кило "афюн" мебошад.
Феълан дар ин росто бо моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ шуда, гумонбаршудагон Шоиков Шодӣ ва Ёрбеков Артур дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.