Се донишҷӯи тоҷик дар Русия ба ҷурми фурӯши ҳероин боздошт шудаанд

© Фото предоставлено Федеральной службой РФ по контролю за оборотом наркотиков Партия наркотиков
Партия наркотиков - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз донишҷӯёни тоҷик беш аз 350 грам маводи мухаддир ситонда шудааст

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Кормандони Идораи контроли гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД Русия дар вилояти Брянск гурӯҳи табаҳкореро хунсо кардаанд, ки се шаҳрванди 19-солаи Тоҷикистон ва як шаҳрванди Русия дар бар мегирифт.

Студенты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷанҷол дар Воронеж: оё донишҷӯёни тоҷик дар воқеъ дониш надоранд

Ба гузориши Идораи пулиси вилояти Брянск, кормандони пулис мушаххас кардаанд, ки ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар яке аз донишгоҳҳои шаҳри Брянск таҳсил мекардаву ҳамзамон ҳероин мефурӯхтаанд.

Гуфта мешавад, ки кормандони пулис ҳангоми боздошт аз ин донишҷӯён 240 грам ҳероин кашф ва забт карданд. Дар паи бозҷӯии манзили яке аз ин боздоштшудагон ҳамчунин 120 грам маводи мухаддир ёфтаву ситонда шудааст.

Пулис барои бозҷӯии ин қазия парванда оғоз кардааст. Қонуни ҷиноии Русия барои хариду фурӯши ғарйриқонунии маводи мухаддир ва равонгардон аз 10 то 20 сол зиндон бо ҷаримаи то як милюн рубл кайфар муқаррар кардааст.

Лентаи хабарҳо
0