Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо дабири кулли САҲА

© Вазорати умури хориҷаи ТоҷикистонСироҷиддин Аслов бо дабири кулли САҲА мулоқот кард
Сироҷиддин Аслов бо дабири кулли САҲА мулоқот кард - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Душанбе дар мавзӯи муқовимат бо тероризм ва ифродагароӣ ҳамоиши байналмилалӣ баргузор мегардад, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ ва САҲА баргузор мекунад

ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо дабири кулли Созмони амният ва ҳамкориҳои Аврупо Томас Гремингер мулоқот кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

"Сеюми майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд "Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез", мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслов Сироҷидин бо Дабири кулли САҲА Томас Гремингер доир гардид",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва САҲА-ро тибқи ваколати Дафтари барномавии САҲА дар Тоҷикистон муҳокима намуда, роҷеъ ба масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

Ёдрас мешавем, имрӯз дар Тоҷикистон бо ибтикори Ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо СММ ва САҲА  дар мавзӯи "Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез" ҳамаоиши байналмилалӣ ба кори худ шурӯъ кард.

Дар кори Конфронс роҳбарон ва намояндагони воломақоми идораҳои сиёсати хориҷӣ ва дигар сохторҳои соҳавии Казоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон, Маҷористон, Швейтсария, Баҳрайн, Ҳиндустон, Арманистон, Россия, Хитой, ИМА, Испания, Олмон, Чехия, Эстония, Канада, Белгия, Словакия, Шветсия, Британия Кабир, Украина,Ҷумҳурии Корея, Япония, Индонезия, Эрон, Туркия, Афғонистон, Ироқ, Покистон, Қатар, Марокаш, Урдун, Кувайт, Умон, Алҷазоир, Сурия, Либия ва дигар кишварҳо иштирок хоҳанд кард.

Дар кори конфронс роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили СММ, САҲА, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай, ИДМ, корпуси дипломатӣ ва шарикони рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, институтҳои тадқиқотӣ ва ғайра низ иштирок хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0