Ҷанги шаҳрвандӣ ба Тоҷикистон чӣ мерос гузошт?

© Sputnik / А. Замахин / Гузариш ба медиабонкНеруҳои худдифоии маҳаллӣ
Неруҳои худдифоии маҳаллӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пас аз 21 сол аксарияти сокинони кишвар ҳанӯз ҳам даҳшатҳои он ҷангро дар ёд доранд, вале аз оқибатҳои он то ҳоло ба худ наомадаанд

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik, Рубен Гарсия. Моҳи майи соли 1992 ба Тоҷикистон бадбахтие омад — ҷанги шаҳрвандӣ шӯъла зад. Ҷумҳуриии навмустақил дар муқобилаи хунин ҷони даҳҳо ҳазор нафарро бой дода, дучори харобаҳои иқтисодӣ шуд, ки арзишаш беш аз даҳҳо миллиард долларро ташкил карда буд.

Авҷи муқобилият ба солҳои 1992-1993 рост омада буд, аммо гуфтушунидҳои сулҳомез танҳо соли 1994 шурӯъ шуда, фақат дар соли 1997 муяссар гашт, ки муноқиша қатъ гардад.  

"Бисёр ҳамлаҳои ошӯбгарона ба амал меомаданд, ба посгоҳҳо ҳуҷум мекарданд. Дар яке аз шаҳрҳо номаълум аз куҷое БТР-ҳо пайдо шуда, ногаҳон ба пахш кардани мардум сар карданд. Вақте мо ба он ҷо ба комиссияи махсус омадем, як ҳолати даҳшатангезе дар пеши назарамон буд", —воқеаҳои он рӯзҳоро ёдовар мешавад роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон Худойберди Холиқназаров.

События 10-17 февраля 1990 года в Душанбе. В городе объявлено военное положение. - Sputnik Тоҷикистон
Таърихи истиқлол: Тоҷикистон чӣ гуна мустақил шуд

Аммо аз ду сар, созишнома дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

Дар тӯли 26 соли пас аз ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, намояндагони насле ба воя расидаанд, ки он муноқишаро дар кӯдакияшон дида буданд. Аксарияти онҳо аллакай оиладор шуда, фарзандони онҳо насли навест, ки оқибатҳои даҳшатнок ва харобиовари он ҷанги бародаркушро надидаанду намедонанд. Бо вуҷуди ин, асари он ҷанг чӣ дар ҷомеаи тоҷик, ва чӣ дар берун аз он, ҳануз низ зинда аст.

"Новобаста аз он, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1997 тамом шуда буд, вале ба маънои томаш ҷанг танҳо дар соли 2015 ба охир расид", — мегӯяд таърихшинос Раҳимбек Бобохонов.

То он вақт, мувофиқи шартномаи сулҳ, як қатор вазифаҳои муҳим ва курсиҳои мансабӣ ба тарафдорони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (мамнӯъ дар Тоҷикистон) дода шуд, ки ба онҳо намояндагон ва фармондеҳони саҳроии мухолифин шомил шуда буданду, барои мусолеҳа бо мақомоти расмӣ омодагӣ доштанд.  

Гарчанде бо мурури даҳсолаҳо ҲНИТ аз нерӯи қудратманди худ маҳрум шуда бошад ҳам, вале то ҳанӯз дар ҷумҳурӣ таъсирбахш буд. 

Вале дар соли 2015 раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабириро дар омодакунии ошӯби мусаллаҳона айбдор мекунанд, ӯ аз кишвар мегурезад. Сипас ҲНИТ ҳамчун ҳизби террористӣ эълон гардида, фаъолияташ дар қаламрави мамлакати тамоман мамнӯъ мегардад.

Роҳбарияти ҳизб ба ҳабс гирита шуда, аъзои оддии он ё ба ҳизби ҳукмронии Халқӣ-демократӣ мегузаранд, ё ба таври ошкор мегӯянд, ки сиёсати ҲНИТ-ро дастгирӣ накардаанд.  

Қувваи асосии мухолифин, вориси исломгароёни замони ҷанги шаҳрвандӣ, ғайриқонунӣ эълон шуд, аммо низои дохилӣ дар ҷомеа ҳанӯз ҳам пойдор буд.  

Мушкилот ва хурофотҳои динӣ боқӣ вуҷуд доштанд, ки аксаран ба афкори ҷомеа таъсир мерасониданду, иштибоҳона ба қисми ҷудонопазири урфу одатҳои исломӣ ироа мешуданд.

Чунин хурофот, яъне куркурона риоя кардани меъёрҳои Қуръон, одатан ба нодуруст фаҳмидани моҳияти дохилӣ ва ҳақиқии ақоиди динӣ меоварад.

Вақте ки аъзоёни ҲНИТ ба ҳадди ақал ҳам бошад, дар сари қудрат буданд, чунин мавъизаҳо аксар вақт аз минбарҳои масоҷид шунида мешуд. Вале замоне, ки ҳизб аз кишвар ронда шуда буд, бунёдгароии динӣ дар Тоҷикистон куллан ба пинҳонкорӣ гузашт, вале дар айни замон қисман дар ҳаёти ҳаррӯза боқӣ монд ва худро дар хориҷи кишвар каму беш зоҳир намуд.

"Хурофот — бадтарин чиз дар ҳама давру замон буд ва боқӣ мемонад. Хотироти мардум аз воқеаҳои даҳшатовари ҷанги шаҳрвандӣ аз байн меравад, аммо исломгароӣ тақвият меёбад. Бахше аз ҷавонон дунявиятро ҳамчун асоси давлат қабул намекунанд. Аксар вақт дар Интернет далел пайдо мекунанду, дастгирӣ меёбанд", — шарҳ дод Бобохонов ба Sputnik Тоҷикистон.

Эмомали Рахмон и Рустам Эмомали осматривают новый бульвар в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳур ба Маҷмааи "Истиқлол ва Озодӣ" санги асос гузошт

Аз замонҳои муноқиша дар ҷомеа масоили ҷинояткорӣ ва зӯроварӣ во мондааст, вақте ки ҳазорҳо мардони коршоям пас аз ҷанги шаҳрвандӣ аксаран бе кор монданд, вале дар даст силоҳ доштанд.

Кофист, ки таърихи оилаи маъруфи Лангариевҳоро ба хотир орем. Намояндаи аз ҳама машҳуи ин хонаводаи сернуфуз — Лангарӣ Лангариев мебошад. Ӯ фармондеҳи қувваҳои махсус буд, ки дар манбаи ташкилёбии Фронти халқӣ меистод, ҳамчунин қаҳрамони миллӣ, ки дар ҷараёни ҳамлаи ногаҳонӣ, ба ҳалокат расидааст.   

Падари ӯ — бобои Салмон, бародаронаш Файзалӣ ва Бахтиёр низ фармондеҳони воҳидҳои низомӣ буданд, ки пас аз имзои созишномаҳои сулҳ дар мақомоти сохторҳои қудратӣ, соҳиби вазифа шуданд.

Аммо бародари хурдии онҳо — Сӯҳроб Лангариев бошад, баръакс, гурӯҳи ҷангии худро ташкил дода, ба ғоратгарӣ, қочоқи маводи мухаддир ва рекет аст зада буд. Вай дар олами ҷиноӣ тоҷик ба чунин мақоми баланде расида буд, ки дар соли 2006 хонаашро бо мошинҳои зиреҳпӯш ва кумаки артиллерия гирифта буданд. Дар натиҷа ба Сӯҳроб ҳукми якумраи ҷазо ва ба ҳамшарику ҷиянаш Азам Лангариев бошад, 21 соли зиндон дода шуд.

Вале ба ҳар ҳол, натиҷаи асосии ҷанги шаҳрвандӣ на афзоиши ҷинояткорӣ, ва ҳатто на ифротгароии динӣ, ки то ҳол ба ҳукумат таҳдиди ҷиддӣ мекунад, нашудаанд.

Дар натиҷаи муноқишаи хунин фикри он ки сулҳи ноқиз ҳамеша аз ҷанги хуб беҳтар аст, дар тафаккури бештари тоҷикистониён нақш бастааст.

Нафароне то ҳанӯз роҷеъ ба вуқӯи ҷанги шаҳрвандӣ баҳс мекунанду, нафароне роҷеъ ба адолати созишномаи сулҳ. Вале тоҷикистониён дар як маврид ҳамфикранд — он ҷанги хонумонсӯз дигар набояд ҳеҷ гоҳ такрор ёбад.

Лентаи хабарҳо
0