ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Собиқадорон-ҳамватанон — иштирокчиёни мудофиаи Ленинград ва сокинони шаҳри муҳосиравӣ, ки дар хориҷа истиқомат мекунанд, барои ширкат дар чорабиниҳои бахшида ба 73-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ба Петербург мераванд, иттилоъ медиҳад Кумитаи шаҳрӣ оид ба робитаҳои хориҷӣ.
Дар маҷмӯъ, 93 нафар аз 23 кишвари дунё — Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Булғористон, Олмон, Гурҷистон, Исроил, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Молдова, Руминия, ИМА, Узбекистон, Украина, Финляндия, Фаронса, Хорватия, Чехия, Шветсия ва Эстония — меоянд.
Рӯзи ҳаштуми май собиқадорон-ҳамватанон ва ҷавонон дар маросими тантанавӣ-ёдгории гузоштани гул ва гулчанбарҳо дар қабристони ёдбудии Пискаревский иштирок карда, сипас ба консерте, ки дар Кохи бузурги "Октябрский" баргузор хоҳад шуд, мераванд.
Дар Рӯзи Ғалаба собиқадорони ҷанг ба расмигузашти қушунҳои гарнизони минтақавии Округи ҳарбии ғарбӣ, ки дар "Майдони қасрҳо" (Двортсовая плошад)-и Санкт-Петербург мегузарад, даъват шудаанд. Бегоҳии ҳамон рӯз, барои онҳо шоми тантанавӣ ташкил дода мешавад.