Суқути ҳавопаймои низомии Русия дар Сурия ва ҳалокати сарнишинон

© Sputnik / Антон Балашов / Гузариш ба медиабонкМногоцелевой истребитель Су-30, архивное фото
Многоцелевой истребитель Су-30, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷангандаи Су-30СМ ҳангоми парвоз аз пойгоҳи низомии Русия дар Сурия-Хмеймим, дар болои баҳри Миёназамин суқут кард

ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Ҳавопаймои Су-30СМ рӯзи панҷшанбе ҳангоми парвоз аз пойгоҳи низомии Хмеймими Сурия суқут кард. Ҳардуи сарнишинон дар паи ин ҳодиса ҷон бохтанд, хабар медиҳад Вазорати дифоъи Русия.

"Соати 11:45 (бо вақти Душанбе) ҳангоми оғози парвоз аз пойгоҳи низомии Русия дар Сурия-Хмеймим ҷангандаи Су-30СМ дар болои баҳри Миёназамин суқут кард. Ҳардуи сарнишинон дар ҷои ҳодиса ҳалок шуданд", — омадааст дар хабарнома.

Вертолет Ка-29, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Суқути чархбол ва ҳалокати сарнишинон дар Балтика

Қайд мешавад, ки "ба ҳавопаймо ҳуҷум накардаанд".

Бино ба маълумоти пешакӣ сабаби суқут ворид шудани парранда ба муҳаррики ҳавопаймо шудааст.

Пештар хабар дода шуд, ки ҳавопаймои низомии Сурия суқут кардааст.

Наҷотдиҳандагони Туркия 500 метр дуртар аз пораҳои ҳавопаймо сарнишини 56-солаи ин киштии ҳавоӣ-Муҳаммад Субҳонро зинда ёфтаанд.

Ба гуфти сарнишин ӯ барои ҳуҷум ба ҷангиён дар Идлиб аз Латакия парвоз кардааст. Ҳангоми иҷрои вазифа ҳавопаймои ӯро задаанд.

Лентаи хабарҳо
0