КҲФ ба имом-хатиб ва намозгузорон: фарзандонатонро беназорат нагузоред

© Sputnik / Артем Креминский / Гузариш ба медиабонкКоллективная молитва в мечети. Архивное фото
Коллективная молитва в мечети. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба мардуми Бохтар варақаҳои иттилоотӣ оид ба рафтори дуруст дар назди ва дохили обанборҳо тақсим кардаанд

ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Ба мардуми шаҳри Бохтар тарзи рафтори дуруст дар гирду атрофи дарёҳо ва обанборҳоро дар мавсими шиноварӣ фаҳмониданд, хабар медиҳад равобити умумии КҲФ.

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар обанборҳо то оғози мавсими оббозӣ, кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон дар масҷидҳои шаҳри Бохтар бо имом-хатибон ва намозгузорон оид ба риояи қоидаҳои бехатарӣ дар назди обанборҳо ва дохили он мулоқот кардаанд.

Дар ин дидор масъалаҳои риояи қоидаҳои бехатарӣ дар назд ва дохили обанборҳо, дарёҳо баррасӣ шудааст.

"Кормандони Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон аз намозгузорон хоҳиш кардаанд ки фарзандони худро бе назорат нагузоранд ва ҳангоми истироҳат дар назди кӯлу дарёҳо ҳатман қоидаҳои муайянгаштаро риоя намоянд", — омадааст дар хабарнома.

Ба гузориши манбаъ, ҳамчунин дар ин мулоқот ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ оид ба рафтори дуруст дар назди ва дохили обанборҳо тақсим карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар лаби дарёи Сурхоби минтақаи Рашт ду духтари ҷавон аз беэҳтиётӣ ба об ғарқ шуданд.

Лентаи хабарҳо
0