Далеру ҷасур: Назарзода ҷавонеро барои наҷот додани модареро бо ду кӯдакаш қадрдонӣ кард

© Раёсати ВКД дар ДушанбеҚадршиносӣ барои аз ғарқшавӣ наҷот додани модар бо ду фарзандаш
Қадршиносӣ барои аз ғарқшавӣ наҷот додани модар бо ду фарзандаш - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Модаре мехостааст ду фарзандашро ба дарё андохта, сипас даст ба ҷони худ занад, аммо аз ин мақсади вай Дилшод Ҳайтов пай бурда, онҳоро халос кардааст

ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Сардори Раёсати ВУД дар Душанбе Шариф Назарзода ҷавонеро барои наҷот додани зане ва ду кӯдаке қадрдонӣ кард. Дар ин бора вебгоҳи ниҳод хабар медиҳад.

Дилшод Ҳайтов — як сокини Душанбе ба маҷлиси тантанавие даъват карда шуд.

"Дар вазъияти тантанавӣ барои далерию ҷасурӣ, ҷавонмардию иҷрои қарзи шаҳрвандӣ — аз марг наҷот додани ҳаёти инсон, шаҳрванд Ҳайтов Дилшод Ҷамахонович аз ҷониби Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, дар вазъияти тантанавӣ бо "Сипоснома" ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд",- гуфта  мешавад дар иттилои манбаъ.

Гуфта мешавад, Дилшод Ҳайтов, 30 апрели соли равон зани 31-солаи сокини пойтахро бо ду кӯдакаш дар лаби рӯд дида пай бурд, ки ин зан қасди худкушӣ дорад.

Ин модар ду фарзанди ноболиғашро кашолакунон ба соҳили дарёи Душанбе воқеъ дар маҳаллаи Ҳаётинав, шафати маркази савдои "Ёвар" бурда, қасди худкушӣ ва ба ҳалокат расонидани ду фарзандашро дошт. Ӯ бо дидани ин ҳолат дарҳол бо ҷасуриву далерӣ модар ва ду фарзанди хурдсолашро аз таҳдиди ғарқшавӣ, аз лаби дарёи Душанбе наҷот додааст.

Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе ба итилои шаҳрвандон мерасонад, ки пайваста он шаҳрвандоне, ки бо амалу кирдорҳои худ дар пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа мусоидат намуда, ба кормандони милитсия кӯмаки амалии худро мерасонанд, қадрдонӣ карда мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0