Аҳмадзода: аз воридшавии маҳсулоти пастсифат ба вилоят пешгирӣ кунед

Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд ҳамчунин ҷиҳати таъмири китобхонаҳо ва мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, таъсиси дӯконҳои фурӯши китоб,иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ ва ғайра вазифагузорӣ намуд

ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода масъулини вилоятро вазифадор кардааст, ки аз воридоти маҳсулоти пастсифат пешгирӣ кунанд.

Бино бар иттилои дафтари матбуотии Ҳукумати Суғд, чанде пеш раиси вилоят бо масъулин машварати корӣ анҷом дод.

 Дар машварати корӣ муовини якуми раиси вилоят, муовинони раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раисону шаҳру навоҳӣ ва роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ ширкат варзиданд.

Аҳмадзода пас аз гузориши чанде аз муовинони раиси вилоят, дар назди масъулин вазифагузорӣ кардааст.

"Вай ҷиҳати таъмири китобхонаҳо ва мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, таъсиси дӯконҳои фурӯши китоб, пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифат ба вилоят, иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ, таъмини нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрандон ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашнҳои дарпешистода вазифагузорӣ намуд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Пештар хабар дода шуд, ки  корбарони бахши тоҷикии Facebook-ро тарзи омода кардани қавурдоқ аз мурғ, дар ошхонае дар Суғд, ба хашм овардааст.
Аз навор дида мешавад, ки чӣ гуна мурғро дар шароити даҳшатовар ва ғайри беҳдошт, мепазанд.

"Қавурдоқ аз мурғ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамин гуна пухта мешавад. Ва чунин навъи қавурдоқро ба ошхонаҳои шаҳр мебаранд. Шармандагӣ", — омадааст дар наворе, ки дар гурӯҳи "Хуҷандро дӯст медорам" паҳн шудааст.

Корбарони фаъоли фейсбук, чунин рафторро бе ҷавоб нагузоштаанд. Аксари корбарон ҳадз мезананд, ки ин мурғҳоро ба кадом ошхонаҳо мебаранд.

"Пас аз тамошои ин навор аксари шумо мумкин ки гиёҳхор шавед. Эҳтимол беҳтар мешавад", — навиштааст яке аз корбарон.
Тоҷикистониён пешниҳод доранд, ки дар кишвар барномаи "Ревизорро" роҳандозӣ шавад.

Лентаи хабарҳо
0