Духтари Бозор Собир дипломатҳои тоҷикро дар иҷро накардани дастурҳои Раҳмон айбдор кард

© Sputnik / Амир ИсаевБозор Собир. Архивное фото
Бозор Собир. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Духтари шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир ба раисҷумҳури Тоҷикистон нома навиштааст

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik.  Духтари шоири номдори тоҷик, Бозор Собир-Шогуна Собир, намояндагони дипломатии Тоҷикистонро дар иҷро накардани дастурҳои Эмомалӣ Раҳмон айбдор кардааст, менависад Тоҷик.ТА.

Шогуна Собир дар ин нома гуфтааст, ки аз ҷониби Тоҷкистон ягон навъи кӯмак барои табобати падараш расонида нашудааст.

Шогуна менависад, ки навиштаҳои расонаҳо дар бораи кӯмакрасонӣ ба Бозор Собир воқеъият надорад.

"Агар ин гуфтаҳо оммавӣ намебуданд ман ин номаро наменавиштам. Ҳич кас вазифадор нест, ба мо кӯмак кунад. Вале табдили вазъияти фоҷиабори мо ба як ҳангомаи расонаӣ ҳам дуруст нест, дар ҳоле, ки мо ягон кӯмаки амалии тиббӣ ё молӣ на аз ҷониби Тоҷикистон ва на аз ҷониби шахсе, ки аз Тоҷикистон бошад, нагирифтаем", — навиштааст ӯ.

Ёдоварӣ мекунем, ки рӯзи 1 майи соли 2018 соати 5:10 дақиқаи вақти Душанбе шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон, ки як моҳи охир табобат мегирифт, аз олам даргузашт.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хонаводаи шоири маъруф ҳамдардӣ карда, Бозор Собирро аз зумраи шоирони ватансаро гуфтааст, ки дар тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллӣ заҳматҳои зиёде кашидааст.

Бозор Собир. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бо супориши Раҳмон: ҷасади Бозор Собир ба Ватан оварда мешавад

"Тамоми эҷодиёти Бозор Собир, бахусус ашъори замони соҳибистиқлолияш, аз эҳсоси гарми ватандорию худшиносии миллӣ саршор аст. Ёди ӯ, сухани волову нотакрори шоири халқ- Бозор Собир то абад дар ёди мардум  боқӣ хоҳад монд", — гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Бозор Собир 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст.

Маълумоти миёнаро дар интернати давлатии шаҳраки Ҳисор ба даст овард ва соли 1962 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар риштаи забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ хатм кардааст. Солҳо дар матбуот, аз ҷумла дар дафтари рӯзномаи "Маориф ва маданият", маҷаллаи "Садои Шарқ", ҳафтаномаи "Адолат" фаъолият намудааст. Соле дар кишвари Афғонистон ба сифати мутарҷим ифои вазифа доштааст.

Аз соли 1979, ҳудуди даҳ сол, дар Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ба унвони мушовири бахши шеър фаъолият кардааст.

Лентаи хабарҳо
0