Бо супориши Раҳмон: ҷасади Бозор Собир ба Ватан оварда мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевБозор Собир. Архивное фото
Бозор Собир. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷасади шоири номдори тоҷик аз Амрико ба Тоҷикистон интиқол дода хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, сафорати Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид супориш додааст, ки ҷасади шоир Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан биёранд.

Раҳмон супориш дода, ки ҷасади Бозор Собир дар шаҳри Душанбе ба хок супорида шавад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳур.

Шоир Бозор Собир - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти шоири номдори тоҷик Бозор Собир

Имрӯз 1 майи соли 2018 соати 5:10 дақиқаи вақти Душанбе шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон, ки як моҳи охир табобат мегирифт, аз олам даргузашт.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хонаводаи шоири маъруф ҳамдардӣ карда, Бозор Собирро аз зумраи шоирони ватансаро гуфтааст, ки дар тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллӣ заҳматҳои зиёде кашидааст.

"Тамоми эҷодиёти Бозор Собир, бахусус ашъори замони соҳибистиқлолияш, аз эҳсоси гарми ватандорию худшиносии миллӣ саршор аст. Ёди ӯ, сухани волову нотакрори шоири халқ- Бозор Собир то абад дар ёди мардум  боқӣ хоҳад монд", — гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш, аҳволи шоири номдор Бозор Собир дар Амрико бад шуд. Ӯро наздики як моҳ дар шӯъбаи эҳёи яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэл табобат карданд.

Бозор Собир 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст.

Маълумоти миёнаро дар интернати давлатии шаҳраки Ҳисор ба даст овард ва соли 1962 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар риштаи забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ хатм кардааст. Солҳо дар матбуот, аз ҷумла дар дафтари рӯзномаи "Маориф ва маданият", маҷаллаи "Садои Шарқ", ҳафтаномаи "Адолат" фаъолият намудааст. Соле дар кишвари Афғонистон ба сифати мутарҷим ифои вазифа доштааст.

Аз соли 1979, ҳудуди даҳ сол, дар Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ба унвони мушовири бахши шеър фаъолият кардааст.

Лентаи хабарҳо
0