Даргузашти шоири номдори тоҷик Бозор Собир

© Sputnik / Амир ИсаевШоир Бозор Собир
Шоир Бозор Собир - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шоири номдори тоҷик Бозор Собир бомдоди имрӯз даргузашт

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Имрӯз 1 майи соли 2018 соати 5-у 10 дақиқаи вақти Душанбе шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон, ки як моҳи охир табобат мегирифт, аз олам даргузашт.

Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш, аҳволи шоири номдор Бозор Собир дар Амрико бад шуд. Ӯро наздики як моҳ дар шӯъбаи эҳёи яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэл табобат карданд.

Бозор Собир 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст.

Маълумоти миёнаро дар интернати давлатии шаҳраки Ҳисор ба даст овард ва соли 1962 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар риштаи забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ хатм кардааст. Солҳо дар матбуот, аз ҷумла дар дафтари рӯзномаи "Маориф ва маданият", маҷаллаи "Садои Шарқ", ҳафтаномаи "Адолат" фаъолият намудааст. Соле дар кишвари Афғонистон ба сифати мутарҷим ифои вазифа доштааст. Аз соли 1979, ҳудуди даҳ сол, дар Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ба унвони мушовири бахши шеър кор кардааст.



Лентаи хабарҳо
0