Тоҷикистон фаъолияти низомҳои интиқоли пулии Русияро маҳдуд мекунад

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаНациональный банк Таджикистана
Национальный банк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон ба низомҳои интиқоли пулии Русия пешниҳод намудааст, ки амонатҳои худро дар бонкҳои тоҷикӣ гузоранд

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон низоми кори бонкҳои кишварро бо  низомҳои интиқоли пулии Русия сахттар кардааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории "Ведемости".

Бонки миллии Тоҷикистон ба низомҳои интиқоли пулӣ чаҳор роҳи фаолиятро пешниҳод кардааст: дар бонки шарик гузоштани амонат, суғуртаи интиқолҳо дар ширкатҳо суғуртавии Тоҷикистон, доштани рейтинг дар сатҳи на поёнтар аз ВВВ аз ожонсиҳои сегонаи бузург ё гирифтани  кафолат аз бонке, ки  чунин рейтинг дорад.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи низоми  интиқоли пулии "Золотая Корона" гуфтааст, ки  талаботи Тоҷикистонро иҷро кардан,  мушкил аст. Ба гуфтаи вай,  маркази ҳисоббаробаркунии "Золотая Корона"  барои  гузоштани амонат дар бонкҳои  Тоҷикистон маҳдуд аст ва пулҳояшро ба бонкҳои Тоҷикистогн гузошта наметавонад.

Грузчики в торгово-ярмарочном комплексе Москва - Sputnik Тоҷикистон
Иқтисоди вобаста: чигуна муҳоҷирон дар рушди Тоҷикистон саҳм мегузоранд

Инчунин рейтинги қарзии Русия поёнтар аз ВВВ мебошад, ки мувофиқи он рейтинги тамоми низомҳои интиқоли пулӣ ва бонкҳои Русия поин аст. Гирифтани кафолати зарурӣ низ дар дохили кишвар ғайриимкон аст.

Ёдрас мешавем, ки  Бонки марказии Русия иҷозатномаи низоми интиқоли пулии "Лидер"-ро бозхонд. Ба сабаби бозхонд шудани  иҷозатнома "Лидер", дар Тоҷикистон муомилаи интиқоли пулӣ ба воситаи ин низом  қатъ шудааст.

Ба гуфтаи роҳбари маркази илмию тадқиқотии Тоҷикистон "Шарқ"  Музаффар Олимов муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли 2017 ба Тоҷикистон беш аз дувуним миллиард доллар интилқол додаанд.

Дар натиҷаи кори ҳамватанони мо дар хориҷ аз кишвар, аз соли 1999 то соли 2017 сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон дувуним баробар кам шуд.

Лентаи хабарҳо
0