Иқтисоди вобаста: чигуна муҳоҷирон дар рушди Тоҷикистон саҳм мегузоранд

© Sputnik / Стас ЭтвешГрузчики в торгово-ярмарочном комплексе "Москва"
Грузчики в торгово-ярмарочном комплексе Москва - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамасола муҳоҷирони меҳнатӣ ба Тоҷикистон наздики 2 миллиард доллар интиқол мекунанд. Ба гуфтаи коршиносон, иқтисоди Тоҷикистон сахт аз пули ирсолкардаи муҳоҷирон вобаста аст

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба Русия ногузир аст. Аммо ба гуфтаи коршиносон, метавон дар ҳалли  мушкилии муҳоҷирон кӯмак кард.

Мавзӯи муҳоҷират дар ҳамоиши  "Дурнамои рушд ва устувории СҲШ" баррасӣ гардид, ки  чанде пеш дар Сочи баргузор шуд.

Муҳоҷироне, ки дар Русия роҳи худро ёфтаанд

Мудири Маркази илмиву тадқиқотии "Шарқ" Музаффар Олимов мегӯяд,  интиқоли пулии муҳоҷирон ба Ватан- бахши муҳими иқтисоди Тоҷикистон аст.

Ба гуфтаи вай, дар соли 2017 ба буҷаи Тоҷикистон муҳоҷирон зиёда аз 2,56 миллиард доллар ворид кардаанд. Ин маблағ наздики 30 дарсади тавлиди нохолиси дохилиро ташкил медиҳад.

Трудовые мигранты. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Русия коҳиш ёфтааст

"Ба туфайли меҳнати тоҷикон дар хориҷ аз соли 1999 то соли 2017 сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон то дувуним баробар киҳош ёфтааст ва аз 80 дарсад то 30 поён шудааст",- мегӯяд Олимпов.

Аммо баробари ин, ин вобастагии иқтисод аз муҳоҷирон саноати кишварро бозмеистонад.  Пулҳое, ки аз муҳоҷирон ба Тоҷикистон мерасанд, дар кишвар "нопадид" мешаванд. Зеро соконон онро ба эҳтиёҷоти ҳаррӯзаи  худ истифода мебаранд: хонаводаи худро мехӯронанд, мепӯшонанд ва ғайра.

Вобастагии иқтисоди Тоҷикистон ба муҳоҷират

"Албатта, ман мехостам, ки шаҳврандони қобили меҳнати Тоҷикистон дар Ватан кор пайдо кунанд, аммо онҳо ҳоло ин гуна имкониятҳоро надоранд. Аҳолӣ дар Тоҷикистон бо суръат афзоиш меёбад. Синну соли миёна дар Тоҷикистон тақрибан 24 сол аст. Аллакай Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки муҳоҷир омода мекунад, шӯҳрат ёфтааст. Ман наметавонам пешгӯӣ кунам, ки кишвар ба наздикӣ ин "шӯҳраташ-ро аз даст медиҳад",- афзуд коршинос.

Тавре коршмнос мегӯяд, барои тоҷикон кишвари дигаре мисли Русия нест, ки онҳоро қабул кунад.

Қазоқистон барои муҳоҷирони тоҷик ҷойи Русияро гирифта наметавонад. Ҷойҳои холии кориро дар кишвар қирғизону узбакон ишғол кардаанд.

Мудири Шӯъбаи тадқиқотҳои иқтисодии Пажӯишгоҳи кишварҳои ИДМ Аза Мигранян яке аз далелҳои дигареро номбар кард, ки роҳи муҳоҷирони тоҷикро ба Русияро рост мекунанд.

Пассажиры готовятся на вокзале к посадке в поезд Москва-Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон бори дигар ҳаққи бознишастагии муҳоҷиронро ба Русия ёдрас кард

Меъёрҳои асосие, ки мувофиқи он ҷараёни муҳоҷират шакл мегирад- ин фарқи сатҳи даромад байни кишварҳо мебошад. Фарқият то чанд зиёд бошад, селоби муҳоҷирон низ ҳамон қадар зиёд мешавад. Ҳоло фарқи музди кор дар Русия ва кишварҳои узви ИДМ калон аст, барои ҳамин маҳз Русия —интихоби муҳоҷирон аст.

Тавре мудири шуъбаи диаспораҳо ва муҳоҷирати Пажӯҳиҳгоҳи кишварҳои ИДМ Анастасия Гаева мегӯяд, Русия низ ба ҷалби муҳоҷирон ҳавасманд аст. Гаева ба ин гуфтаҳои хеш вазъи демографии Русияро мисол оварда, афзуд, ки аҳолии кишвар сол то сол кам мешавад ва муҳоҷирон дар ҳалли ин мушкилӣ метавонанд кӯмак кунанд.

Ҳама коршиносон ба як фикр розӣ ҳастанд: муҳоҷироне, ки аз кишварҳои узви Иттиҳоди иқтиқосодии Уросиё ҳастанд, бе мушкилӣ метавонанд дар кишварҳои хориҷ кор кунанд.  Ба гуфтаи Гаева, аъзогӣ ба иттиҳод ба Қирғизистон имконият дод, ки қисми аз  муҳоҷиронро аз Русия ба Қазоқистон равона созад ва баробари он бозори нави корӣ пайдо кунад.

"Баробари ворид шудани кишварҳо ба Иттиҳоди иқтисодии Уросиё, корёбии муҳоҷирони онҳо дар Русия ва Қазоқистон осон мешавад. Онҳо метавонанд бе патант кор кунанд. Онҳо метавонанд таҳсил кунанд ё ба рухсатӣ бароянд",- афзуд Гаева.

Ба гуфтаи вай, муҳоҷироне, ки аз кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Уросиё ҳастанд, тавоанстанд дар солҳои 2014-2015 бӯҳрони иқтисодиро паси сар кунанд. Дар ҳоле ки   муҳоҷирони тоҷик молиёти худро аз даст доданд. Барои онҳо гирифтани музд бо рубл беарзиш гашт —  патен гаронӣ мекард ва қурби рубл дар Тоҷикистон поён шуда буд. Дар натиҷа бештари муҳоҷирони тоҷик ба ватан бар гаштанд.

Флаги стран участниц ЕАЭС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Назарсанҷӣ: дар Тоҷикистон камтар ба узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Уросиё таваҷҷуҳ доранд

Аммо ҷойи онҳоро дар Русия муҳоҷирони қирғиз н гирифтанд. Дар соли 2015 дар авҷи бӯҳрон муҳоҷирони қирғиз дар Русия то 27 дарсад зиёд шуданд.

Сарфи назар аз он, ки муҳоҷират баробари Тоҷикистон ба Русия низ муфид аст, симои муҳоҷирон дар шуури ҷамъиятии Русия то ҳол манфӣ мемонад.

"Ҳама мефаҳманд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ муфид аст, аммо  муносибат нистбати муҳоҷирон дар Русия тағйир наёфтааст. Ҳам намояндагони Ҳукумат ва ҳам мардум нисбати муҳоҷирон бадбин ҳастанд. Аз замоне, ки ӯҳдадориҳои Хадамоти муҳоҷиратиро ба ВУД доданд, дар Русия муҳоҷиронро чун таҳдиде мешиносананд. Ҷиҳатҳои мусбии муҳоҷират баррасӣ намешавад",- афзуд Анастасия Гаева.

Лентаи хабарҳо
0