Вазир ба ҷавонони ВМКБ: ғамхории ҳукумат бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад

© Пресс-служба президента РТМинистр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото
Министр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рамазон Раҳимзода гуфтааст, ки ҳадаф аз наздик суҳбат намудан бо ҷавонони фаъоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва таҳкими дӯстиву рафоқат миёни ҷавонони кишвар мебошад

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо ҷаонони фаъоли ВМКБ дидору мулқот кардааст, хабар медиҳад равобити умумии Вазорат.

Рамазон Раҳимзода дар бораи таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон гуфтааст: "Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд".

Ҷавонони Бадахшон ба Душанбе сафар карданд - Sputnik Тоҷикистон
Ҷавонони Бадахшон дар шаҳри Душанбе гардиш мекунанд

Ӯ гуфтааст, ки ҳадаф аз ҷамъомад низ аз наздик суҳбат намудан бо ҷавонони фаъоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва таҳким бахшидани дӯстиву рафоқат миёни тамоми ҷавонони кишвар мебошад.

"Аз ҷумла, тавре шумо — ҷавонони фаъоли Бадахшон дида истодаед, макони баргузории чорабинии имрӯзаи мо — Академияи ВКД, ки назираш дар Осиёи Марказӣ нест, дар "Соли ҷавонон" ва арафаи Рӯзи дониш — 30 августи соли 2017 бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки туҳфаи арзишманде буд дар "Соли ҷавонон".

Вазири корҳои дохилӣ дар идомаи суханронӣ зикр намуд, ки новобаста ба андешидани чораҳои зиёд баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди кору таҳсил ба ҷавонон, мутаассифона ҳанӯз ҳам ҳолатҳои нашъаҷаллобиву нашъамандӣ ва ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ шомил гардидани намояндагони ин табақаи ҷомеа ҷой дошта, авбошиву муноқишаҳои мактабиву гурӯҳӣ миёни онҳо ба қайд гирифта мешаванд.

© Пресс-служба МВД РТВстреча министра внутренних дел с молодежью ГБАО
Встреча министра внутренних дел с молодежью ГБАО - Sputnik Тоҷикистон
Встреча министра внутренних дел с молодежью ГБАО

Вазир изҳори умед кардааст, ки ширкаткунандагони ҷамъомади мазкур, ки ҳамаашон донишҷӯёну ҷавонони фаъоли мамлакат мебошанд, метавонанд дар масъалаи пешгирӣ намудан ва мубориза бурдан бо ин гуна зуҳуроти номатлуб, дар байни ҳамсолони худ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ баранд.

Ёдоварӣ мекунем, ки сад ҷавони фаъол аз ВМКБ бо ибтикори ВКД барои ошноӣ бо мавзеъҳои таърихӣ ба шаҳри Душанбе омадаанд.

Онҳо аллакай аз Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе ва қалъаи Ҳисор боздид карданд.

Лентаи хабарҳо
0