Ҷавонони Бадахшон дар шаҳри Душанбе гардиш мекунанд

© Пресс-служба МВД РТҶавонони Бадахшон ба Душанбе сафар карданд
Ҷавонони Бадахшон ба Душанбе сафар карданд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷавонон автомашинаҳоро бо шиорҳои "Ҷавонони Бадахшон бо Пешвои миллат", "Дӯстии ҷавонони Тоҷикистон поянда бод!", оро дода, ба Душанбе сафар кардаанд

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Бо ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷавонони Бадахшон дар доираи "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ба шаҳри Душанбе сафар карданд, хабар медиҳад равобити умумии ВУД.

Гуфта мешавад, ки аз назди бозори 20-солагии Истиқлолият дар шаҳри Хоруғ, теъдоди зиёди қатораи автомашинаҳо бо ҷавонон ба шаҳри Душанбе сафар карданд.

Ҷавононро сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Мансур Бухоризода, муовини раиси вилоят Гулдаста Орумбекова, раиси шаҳри Хоруғ Арамбегим Маҳтобшозода ва муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев гусел кардаанд.

© Пресс-служба МВД РТМолодежь ГБАО путишествует в Душанбе
Молодежь ГБАО путишествует в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Молодежь ГБАО путишествует в Душанбе

Ҳадаф аз баргузории сафари ҷавонони вилоят ба шаҳри Душанбе, ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон, аз наздик ошно шудан бо дастовардҳо, фарҳанги ниёгон, маданияти шаҳрдорӣ ва дар ин замина тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи эҳтироми арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва таҳкими сулҳу суботи кишвар гуфта шудааст.

Ҳангоми сафар ба шаҳри Душанбе ҷавонон автомашинаҳоро бо шиорҳои "Ҷавонони Бадахшон бо Пешвои миллат", "Дӯстии ҷавонони Тоҷикистон поянда бод!", ороиш додаанд.

Лентаи хабарҳо
0