Пештар дар ин ҷо калисо буд, вале дар соли 1923 онро болшевикҳо хароб карданд.
Масеҳиёни Панҷиканд мехоҳанд пас аз 95 сол ба ҷойи калисои тахрибшуда, дигареро бунёд кунанд. Калисо дар назди ягона қабристони масеҳиён дар Панҷиканд сохта мешавад.
Барои маросими гузоштани асоси он чанде аз рӯҳониёни масеҳӣ аз Тоҷикистону Узбакистон омаданд.
Ин аввалин калисо дар водии Зарафшон мебошад, ки барои ибодати 60 нафар сохта шудааст.
Ҳоло дар Панҷиканд наздики 200 сокини рустабор зиндагӣ мекунанд.