ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Дар сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ифтитоҳи намоиши асарҳои минётурии рассоми шинохтаи тоҷик, устоди Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Олим Камолов ва духтари ӯ Бону Камолова баргузор шудааст.
Дар намоиш зиёда аз 30 асари минётурии рассоми шинохта ва духтари ӯ, ки шогирди аввалинаш аст, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар дар бораи аҳамияти фарҳангу санъат дар ҳаёти маънавии инсоният ва таърихи санъати тасвирии минётурии тоҷикон маълумоти муфассал додааст. Ба гуфти ӯ Камолиддини Беҳзод — барҷастатарин рассоми тоҷик барои шуҳрати ҷаҳонӣ касб намудани ин намуди санъат ва рушди он саҳми беандоза дорад.
"Олим Камолов, ки зиёда аз 20 сол инҷониб бо санъати минётурӣ машғул аст ва осори Камолиддини Беҳзодро меомӯзад, барои аз нав эҳё намудани ин намуди санъати тасвирӣ хизмати беандоза кардааст" — гуфтааст Гуедар.
Меҳмонон, ки намояндагони корпуси дипломатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, ВАО ва ҳаводорони санъати тасвирӣ буданд, тавонистанд, ки аз осори Олим Камолов ва Бону Камолова баҳраи
Намоиши асарҳои минётурии Олим Камолов ва Бону Камолова дар қароргоҳи сафорати Фаронса дар Тоҷикистон барои мухлисону ҳаводорон тӯли як моҳ боз хоҳад буд.