https://sputnik.tj/20150420/1015219726.html
Ҳунари ду насл: намоишгоҳи наққошиҳо дар Душанбе
Ҳунари ду насл: намоишгоҳи наққошиҳо дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Мо аз намоишгоҳи наққошон - Олим ва Бону Камоловҳо, ки дар меҳмонхонаи "Серена"-и пойтахт баргузор мешавад, дидан кардем. Ба тавваҷӯҳи шумо бархе аз осори... 20.04.2015, Sputnik Тоҷикистон
2015-04-20T15:29+0500
2015-04-20T15:29+0500
2021-04-19T16:14+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101521/85/1015218525_0:0:0:0_1920x0_80_0_0_d6d9b419995decec940fe8bc7fc6fb00.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2015
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
акс, фарҳанг, дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, олим камолов, бону камолова, меҳмонхонаи "серена", намоишгоҳи наққошон
акс, фарҳанг, дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, олим камолов, бону камолова, меҳмонхонаи "серена", намоишгоҳи наққошон
Ҳунари ду насл: намоишгоҳи наққошиҳо дар Душанбе
15:29 20.04.2015 (Навсозишуда: 16:14 19.04.2021) Мо аз намоишгоҳи наққошон - Олим ва Бону Камоловҳо, ки дар меҳмонхонаи "Серена"-и пойтахт баргузор мешавад, дидан кардем. Ба тавваҷӯҳи шумо бархе аз осори онҳоро қарор медиҳем.
Дар ин намоишгоҳ беш аз 70 осори рассоми саршиноси тоҷик — наққошон Олим Камолов ва духтараш Бону ба марази тамошочиён гузошта шудааст. Ҳар як асари онҳо хоҳ наққошӣ бошаду, хоҳ ҷиҳози наққошишудаи хона ва ё лӯхтаки латтагӣ, ҳар як асари Камоловҳо бозгӯйи ифтихор ва пуштибонии рассомон аз фарҳанги миллии тоҷикон мебошад.

Дар маҷмӯъ дар намоишгоҳи меҳмонхонаи "Серена" ҳудуди 70 асари Олим ва Бону Камоловҳо ба марази тамошочиён гузошта шудааст. Ба гуфтаи дастандаркорон ин намоишгоҳ ба манзури қадрдонони дохиливу хориҷии ҳунари наққошӣ таъсис дода шудааст.

Мавзӯъи осори наққошони тоҷик мухталиф аст: аз мавзӯъоти марбут ба маросимҳои қадимаи гузаштагон ва то биниши дақиқи наққошон ба ин ё он масоили феълии рӯзгор.

Бештаре аз осори Камоловҳо тибқи наҳваи саршиноси асрҳои миёна иҷро шудаанд.

Бахши вижаи ин намоишгоҳро ҷиҳози наққошишудаи миллӣ ташкил медиҳанд, ки дар қиболи осори рассомӣ низ осори ҳунарӣ дониста мешаванд.

Дар ин кӯза бо ҳунари наққошӣ рукнҳои аслии ҷашни миллии Наврӯз таҷассум ёфтаанд.

Наққошӣ ба ин далел шӯҳрат дорад, ки гоҳе назареро на бадтар аз китоб метавонад мунтақил бидиҳад ва ин осорро соатҳои тӯлонӣ ба хотири нақши ҷузъиётҳо тамошо кардан мумкин аст.

Бахши ҷудонашавандаи ҳар як наққошӣ вуҷуди расме дар он аст, ки дар худ ақидаи амиқи фарҳангии як халқро дар бар дорад.

Бозичаҳои латтагӣ ҳамчун рамзи бозстоби фарҳанги миллӣ аст.

Хоҳишмандон метавонанд осори мақбулшударо аз муаллифонаш харидорӣ кунанд. Вале намоишгоҳ бад ин манзур аст, ки аз осори самимии наққошони тоҷик ҳаловат бубарӣ. Фурсат ҳанӯз барои ин кор ҳаст: намоишгоҳ то 30 апрел идома меёбад.