Тоҷикистон дар марз бо Узбакистон ду постгоҳ ташкил кард

© © Sputnik / Амир ИсаевТаксисты на границе между Узбекистаном и Таджикистаном, архивное фото
Таксисты на границе между Узбекистаном и Таджикистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ду дидбонгоҳи марзӣ-"Пунук" ва "Меҳробод" ифтитоҳ шудааст

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров, муовини якуми раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода ва намояндагони Қушунҳои сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Ашт ду дидбонгоҳи марзиро боз карданд, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Абдураҳим Қаҳҳоров дар маросими ифтитоҳи дидбонгоҳи сарҳадии "Меҳробод" гуфтааст, ки "таъмини сулҳу субот ва якпорчагии ҳар як давлат аз мустаҳкам будани сарҳади давлатӣ вобастагии калон дорад, ки ҳифзи боэътимоди он бе фароҳам овардани шароити мусоиди хизмат барои сарҳадбонон аз имкон берун аст".

КПП Равот на границе Таджикистана и Узбекистана в городе Канибадам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
КДАМ ҶТ гуфт бо кадом санадҳо ва аз кадом гузаргоҳҳо метавон ба Узбакистон сафар кард

Дар рафти боздид аз иншооти навбунёд, аз ҷумла хобгоҳи сарбозон, Қаҳҳоров ва муовини якуми раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд додаанд.

Гуфта мешавад, ки дар бинои асосии дидбонгоҳи сарҳадии "Меҳробод" утоқҳои корӣ барои афсарон, синфхонаҳои таълимӣ ва компютерӣ, китобхона, ҷой барои истироҳату фароғат, хизмати маишӣ ва ғайра бунёд шуда, дар ин ҷо барои назорат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ аз техникаву техналогияи пешрафта васеъ истифода мебаранд.

Фармоишгари иншооти мазкур ширкати саҳомию холдингии "Барқи тоҷик" буда, сохтмонро бинокорони ҶДММ-и "Сохтмон"-и ноҳияи Масчоҳ бо маблағи 18 миллион сомонӣ бунёд кардаанд.

Ҳамчунин дар ин рӯз ҳамзамон дидбонгоҳи марзии "Пунук" низ ба истифода дода шуд.

Дидбонгоҳи сарҳадии "Пунук" бо маблағи панҷ миллиону чорсад ҳазор сомонӣ аз тарафи мақомоти Суғд маблағгузорӣ шуда, аз тарафи сохтмончиёни ҶДММ-и "Ашти калон"-и ноҳияи Ашт сохта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0