ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раиси тозаинтихоби Шӯрои Давлатии Ҷумҳурии Куба Мигел Диас-Канел барқияи табрикӣ ирсол намуданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мактубаш ба раиси Шӯрои давлатии тозаинтихоби Куба таманниёти нек карда, таъкид кард, ки "Тоҷикистонро барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар ҳамаи арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн омода аст".
"Бо камоли хушнудӣ Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба ҳайси Роҳбари Ҷумҳурии Куба самимона табрик ва таҳният менамоям. Итминон дорам, ки дар ин мақоми олӣ Шумо чун кафили сулҳу субот ва рушди минбаъдаи кишвари худ фаъолона амал хоҳед кард. Мо ҳавасмандем, ки густаришу таҳкими муносибатҳои ду кишвар пайгирона вусъат ёфта, мазмуну муҳтавои фарохтарро касб намоянд. Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳҳатмандиву комёбӣ ва барои кишвари Куба ва мардуми дӯсти он рифоҳу шукуфоии бештар орзумандам",- омадааст дар барқияи табрикотӣ.
Ёдрас мешавем, 19 апрел Маҷлиси Куа эълом дошт, ки номзадии Мигел Диас-Канелро ба мақоми раиси Шӯрои Давлатии Ҷумҳурии Куба тасдиқ кардааст.
Мигел Диас-Канел пештар мақоми муовини аввали Маҷлиси Кубаро дошт.