Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон се қочоқбар кушта шуд

© Sputnik / Хушнуд Рахматуллаев / Гузариш ба медиабонкТаджикские пограничники на таджикско-афганской границе. Архивное фото
Таджикские пограничники на таджикско-афганской границе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Задухӯрди масаллаҳона, пас аз даромадани чанд табаҳкор ба ҳудуди Тоҷикистон, дар назди посгоҳи "Сайёд"-и отряди марзии "Ҳамадонӣ" рух додааст

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Дар пайи задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 3 қочоқбар кушта шуда, як тани дигар ҷароҳат бардошт. Бино бар иттилои дафтари матбуотии Раёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, аз ҷинояткорон 45 кг маводи нашъаовар мусодира  шуд.

"Дар пайи вайрон кардани марзи давлатии Тоҷикистон  аз ҷониби 6-7 нафар табаҳкорони афғон, дар наздикии посгоҳи "Сайёд"-и отряди марзии "Ҳамадонӣ" задухӯрди мусаллаҳона рух дод. Майни марзбонон ва кормандони КДАМ ва табаҳкорон задухӯрди мусаллаҳона сар шуд. Дар пайи ин ҳодиса се тан қочоқбар кушта шуданд ва як тани дигар ҷароҳат бардошт. Дигар ҷинояткорон дар қаламрави марз паноҳ баранд",- меависад манбаъ.

Қочоқбари ҷабрдидаро табаҳкорон бо худ бурдаанд.

Дар рафти санҷиши ҷойи ҳодиса марзбонон ду автомати Калашников бо 10 тирдон ва 370 тир ва 3,5 кг афюн, 32 гк ҳашиш ва 10 кг ҳероин пайдо карданд.

Ба гуфтаи намояндаи КДАМ, ин аз аввали соли равон бори севум аст, ки марзбонон бо қочоқбарони мусаллаҳ задухӯрд мекунанд. Дар пайи он 5 тан қачоқбар кушта шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0