Раисҷумҳур шахсони қаблан маҳкумшударо бо кор таъмин мекунад

© Sputnik / Владимир ПесняЗаключенный. Архивное фото
Заключенный. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пештар қонунгузории Узбакистон ҳуқуқи шахсони қаблан маҳкумшударо барои интихоби озоди ҷои кор дақиқ муайян накарда буд

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев қонунеро ба  имзо расонд, ки тибқи он корфармо ҳуқуқ надорад шахсони қаблан маҳкумшуда ё хешу табори онҳоро, ки доғи судӣ доранд ба кор нагирад. 

Тибқи тағйиру иловаҳо дар қонуни Узбакистон қабул накардани шахсони қаблан маҳкумшуда ё хешу табори онҳо, ки доғи судӣ доранд ғайри қонунӣ дониста шавад.

Мутобиқи қонуни меҳнат, дар Узбакистон табъизи муносибатҳои  меҳнатӣ манъ аст. Вале қаблан дар қонунгузорӣ дар бораи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва интихоби озоди кори шахсони маҳкумшуда ё хешу табори маҳкумшудагон,  дақиқ гуфта нашуда буд.

Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон
Мирзиёев пешвози намоишкоронаи омӯзгорону пизишконро мамнуъ кард

Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев моҳи июни соли 2017 дар бораи саҳлангории мақомоти ҳокимияти иҷроия гуфта буд. Ӯ таъкид карда буд, шахсоне, ки иштибоҳ карданд ба хусус ба роҳи экстремистиӣ рафтаанду гуноҳи худро дарк кардаанд набояд аз ҷомеъа дур шаванд.

Чанде пеш хабар дода шуд, ки беш аз 50 ҳазор шаҳрванди Узбакистон дар соли 2018 дар чорчуби барномаи ташкили кор ба Русия равон карда мешаванд.

"Дар нақша аст соли ҷорӣ тариқи оҷонсӣ оид ба муҳоҷирати берунаи Узбакистон, 50 ҳазор шаҳрвандони Узбакистон барои кор дар Русия фиристода шаванд, " —гуфта буд муовини вазири меҳнати Узбакистон Зокир Умаров.

Тибқи маълумоти вазорат, соли 2017 дар чорчуби созишнома дар корхонаҳои Русия 922 шаҳрванди Узбакистон ба кор таъмин шуданд. Шартнома дар бораи ташкили гурӯҳҳои корӣ  ва ҷалби шаҳрвандони Узбакистон барои фаолияти меҳнатии муваққатӣ дар Русия, 5 апрели соли 2017 ба имзо расида буд.

Ин санад таъмини ҷои кори муайянро барои шаҳрвандони Узбакистон дар Русия, дар назар дошта, омодагии пеш аз муҳоҷират барои пайдо кардани ҷойи кори муайян дар Русия мебошад. Созишнома 21 декабри соли 2017 ба расмият даромадааст.

Лентаи хабарҳо
0