Мирзиёев пешвози намоишкоронаи омӯзгорону пизишконро мамнуъ кард

© Пресс-служба президента РУзПрезидент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Узбакистон ҷалб намудани аҳолӣ, аз ҷумла кормандони соҳаҳои тиб ва таълимро, ба “намоишкориҳо”-и маҳаллӣ манъ мекунанд

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба кормандони дастгоҳ ва ҳукумат супориш дод то барои мубориза бо "намоишкориҳое", ки дар рафти сафарҳояи ӯ ба минтақаҳо таҳия мешаванд, чораандешӣ кунанд, иттилоъ дод ба рӯзноманигорон сухангӯи сарвари давлат Комил Аламҷонов.

Ба гуфти ӯ, рӯзи ҷумъаи гузашта Мирзиёев ҳангоми сафар ба вилояти Сирдарё дар мулоқот бо сарони ҳукумати маҳаллӣ, ҷалб намудани кормандони соҳаи иҷтимоиро ба корҳои оббодониву кабудизоркунӣ дар арафаи сафарҳои вай, шадидан танқид кард.

"Раисҷумҳур дастур дод, ки  барои пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳо дар оянда, механизми қонунӣ омода гардад", — гуфт Аламҷонов.

Открытие КПП на таджикско-узбекской границе, связующего Самарканд и Пенджикент - Sputnik Тоҷикистон
Мирзиёев дастур дод тоҷикистониён дар Узбакистон бештар бимонанд

Сухангӯ зикр кард, ки бо дастуру супоришҳои раисҷумҳур тасмими ҳукумат роҷеъ ба мамнуъияти қатъии ҷалб намудани аҳолӣ, хусусан кормандони соҳаҳои тиб ва маориф, "ба намоишкориҳои қаблан таҳияшуда дар маҳалҳо", коркард шавад. 

Аламҷонов ҳамчунин иттилоъ дод, ки ин ҳуҷҷат баланд бардоштани фаъолияти хадамоти давлатии ободисозиву кабудизоркуниро дар минтақаҳо, бар асоси таҷрибаи хориҷӣ пешбинӣ мекунад. Ба гуфти ӯ, роҳбари давлат таъкид намуд, ки дар ҳолати ҷалби такрории мутахасисони соҳаҳои номбаршуда ба корҳои ҷамъиятӣ, гунаҳкорон ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ ва ҷиноӣ кашида мешаванд.

"Раисҷумҳур ба додситони кулл супориш дод то мансабдороне, ки дар марги муаллимаи самарқандӣ Диана Еникеева гунаҳкоранд, ба ҷавобгарӣ қонунӣ кашида шаванд. Дар ҳоли ҳозир тафтишоти ин ҳодиса идома дорад", — илова кард сухангӯи матбуотии Шавкат Мирзиёев.

Моҳи март ВАО дар робита ба фавти муаллимаи яке аз мактабҳои вилояти Самарқанд, ки барои ободсозӣ ва кабудизоркунӣ қабл аз омадани Мирзиёев ба минтақа, ҷалб карда шуда буд, гузориш дод.

Расонаҳо навишта буданд, ки ин фоҷиа дар натиҷаи аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ риоя накардани қоидаҳои бехатарии амниятӣ ҳангоми иҷрои чунин корҳо, рух додааст.

Марги муаллима дар байни аҳолӣ вокуниши тунде барпо кард. Одамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҷеъ ба чунин ҳодисаҳои оммавӣ ҳангоми гузаронидани корҳои ҷамъиятӣ, бисёр навиштаанд.

Лентаи хабарҳо
0