Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV дар Қирғизистон кӯдакистонҳо бунёд мекунад

© Фото : © Пресс-служба президента КР / Султан Досалиев Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV ва Сооронбой Жээнбеков
Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV ва Сооронбой Жээнбеков - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Қирғизистон аҳамияти беандозаи Шабакаи тавсеъаи Оқохонро дар Қирғизистон таъкид кардааст

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV дар дидор бо раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар Брюссел, хостори бунёди кӯдакистонҳо дар манотиқи кӯҳии Қирғизистон шудааст, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуотии раисҷумҳури ин кишвра.

Ин дидор дар чорчӯби сафари раисҷумҳури Қирғизистон ба Белгия сурат гирифтааст.

Хоруғ, маҳаллаи Гӯлакен, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шабакаи тавсеъаи Оқохон дар бунёди шаҳраки Тем саҳмгузорӣ хоҳад кард

Раисҷумҳури Қирғизистон аҳамияти беандозаи Шабакаи тавсеъаи Оқохонро дар роҳандозии тарҳҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, соҳибкории хурду миёнаи Қирғизистон таъкид кардаст. Ӯ ҳамчунин фаъолияти пурсамари Донишгоҳи Осиёи Марказиро дар Норин ва мактаби Оқохони IV-ро дар шаҳри Ӯш таъкид кардааст.

"Мо роҳандозии барномаҳои кӯмак ба рушди манотиқи кӯҳӣ ва рушди ҷомеъаи шаҳрвандиро хуб арзёбӣ мекунем. Ин кӯмаки беандоза аст", — қайд кардааст Жээнбеков.

Жээнбеков ба Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV комёбиҳо орзу карда, ба роҳандозии тарҳҳо бо ширкати Шабакаи тавсеъаи Оқохон дар Қирғизистон, изҳори умедворӣ кардааст.

Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ дар навбати худ, барои дастгирии тарҳҳо ба Жээнбеков изҳори сипос кардааст.

Ҳамчунин Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, дар бораи нақшаҳои ояндаи Шабакаи тавсеъаи Оқохон, аз ҷумла бунёди кӯдакистонҳо дар манотиқи кӯҳии Қирғиизстон, гуфтааст.

Лентаи хабарҳо
0