ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Дар ин мулоқот, ки дар Хоруғ баргузор шуд, ҳамчунин чораҳое барои бартараф кардани пайомадҳои балоҳои табиъие ҷуста шуд, ки аз зимистон то кунун дар ВМКБ рух додаанд.
Дар ин бора сухангӯи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева дар сафҳаи фейсбукии худ хабар додааст.
Раиси ВМКБ дар ин дидор аз раванди сохту сози шаҳраки Тем гузорише дод ва аз Шабакаи тавсеъаи Оқохон даъват кард бо бунёди меҳмонхонаи модерн ё дигар зерсохтор ва дастгирии соҳилбандӣ дар иҷрои тарҳи шаҳрсозӣ саҳмгузорӣ кунад. Алиакбар Писнонӣ ин пешниҳодро пазируфт ва гуфт, ки дар кӯтоҳтарин фурсат барои амалӣ карданаш чораҷӯӣ хоҳад шуд.
Ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба барномаи ҳукумати ВМКБ барои кам кардани кишти ғалла ва афзудани кишти картошка ва хӯроки чорво қарор шуд ки Шабакаи тавсеъаи Оқохон дар таҳияи маводи сӯхт ва тухмӣ барои кишти баҳории имсол устондориро ёрӣ хоҳад расонд.
Шодихон Ҷамшед ва Алиакбар Писнонӣ ҳамчунин дар бораи пуштибонии молии корофаринони бадахшонӣ бо вомҳои камбаҳраи Нахустин бонки хурдасармоягузории Шабакаи тавсеъаи Оқохон табодули назар карданд.
Қарор шуд барои амалӣ кардани пешниҳодҳои баррасишуда дар кӯтоҳтарин замон чораҳои амалӣ роҳандозӣ карда шаванд.