Р. Эмомалӣ барои сохтани тандиси Ҷомӣ ва Навоӣ пайкарсоз меҷӯяд

© Подробно.UZПамятник Алишеру Навои
Памятник Алишеру Навои - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрдори Душанбе барои бунёди тандиси мутафаккирон Алишер Навоӣ ва Абдураҳмон Ҷомӣ пайкарсоз меҷӯяд

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Рустам Эмомалӣ барои сохтани муҷассамаи Алишер Навоӣ ва Абдураҳмон Ҷомӣ-чун рамзи дӯстии халқи тоҷику узбак, озмун эълом кардааст, хабар медиҳад равобити умумии шаҳрдорӣ.

Ин озмун аз имрӯз,16 апрел оғоз шуда то 15 июн идома мекунад ва бояд на дертар аз 20 июн ҷамъбаст шавад.

Ба иттилоъи манбаъ дар  озмун ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам хориҷиён метавонанд ширкат кунанд.

Дар ин росто тибқи қарори Рустам Эмомалӣ, сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи меъморӣ, Иттифоқи меъморони Тоҷикистон ва Иттифоқи рассомони Тоҷикистон вазифадор шудаанд, ки беҳтарин меъморон, рассомон ва ҳайкалтарошони ватанию хориҷиро барои сохтани тандис, ҷалб кунанд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Амри Раҳмон: дар Душанбе боғе ба номи шоири узбак ва муҷассамаи Ҷомиву Навоӣ пайдо мешавад

Тандиси мутафаккирон Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ дар пойтахти Тоҷикистон, дар боғи ба номи "Низомиддин Алишер Навоӣ" гузошта хоҳад шуд.

Ёдрас мешавем, пештар бо амри раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боғи "50-солагии ҷавонон", воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе ба "Низомиддин Алишер Навоӣ" номгардон шуда буд.

Дар боғи мазкур пайкараҳои Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва Узбакистон гузошта мешаванд.

Чанде пеш дар Самарқанд ба хотири дӯстии тоҷикону узбакон муҷассама гузошта шуд. Муҷассамаи Ҷомиву Навоӣ дар Самарқанд низ боғеро, ки ба номи Алишер Навоӣ гузошта шудааст, оро медиҳад.

Муаллифони муҷассама ду ҳайкалтароши машҳури узбакистонӣ Ҳокимхоҷа Ҳусниддинхоҷаев (1928-1986) ва Владимиир Лунев (1936-1993) мебошанд.

Ин муҷассама дар аввал дар соли 1970 дар наздикии майдони Регистон гузошта шуда буд. Сипас онро ба чорроҳаи кӯчаҳои Дагбитская ва Регисттонская кӯчониданд. Дар соли 2009 пайкара тамоман "ғайб" зада буд.

Лентаи хабарҳо
0