ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Дар Душанбе "Боғи Навоӣ" ва пайкараи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ пайдо мешавад. Дар ин бора амри вижаи кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидааст.
Бино бар иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон амр додааст, ки раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати ба боғи "Низомиддин Алишер Навоӣ" иваз намудани номи боғи "50-солагии ҷавонон", воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе, ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод манзур намояд.
"Дар боғи мазкур пайкараҳои Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва Узбакистон гузошта шавад",- омадааст дар амри кишвардор.
Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ вазифадор шудааст, ки ҷиҳати таҳияи лоиҳаи муҷассамаҳои мутафаккирони номбурда озмун эълон кунад.
Ёдрас мешавем, чанде пеш расонаҳои Узбакистон хабар доданд, ки дар Самарқанд ба хотири дӯстии тоҷикону узбакон муҷассама гузошта мешавад. Муҷассамаи Ҷомиву Навоӣ дар Самарқанд низ боғеро, ки ба номи Алишер Навоӣ гузошта шудааст, оро хоҳад дод.
Тавре маълум гардид,муаллифони муҷассама ду ҳайкалтароши машҳури узбакистонӣ Ҳокимхоҷа Ҳусниддинхоҷаев (1928-1986) ва Владимиир Лунев (1936-1993) мебошанд.
Ин муҷассама дар аввал дар соли 1970 дар наздикии майдони Регистон гузошта шуда буд.Сипас онро ба чорроҳаи кӯчаҳои Дагбитская ва Регисттонская кӯчониданд. Дар соли 2009 пайкара тамоман "ғайб" зад.
Тоҷикистон рӯзи 9-уми март аввалин сафари Шавкат Мирзиёевро ба ҳайси раисҷумҳури Узбакистон интизор аст. Бештари коршиносон омадани Мирзиёевро ба Тоҷикистон сафари таърихӣ унвон карданд.