ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Чуноне ки Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, намоишгоҳ дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар ин намоишгоҳ ҳамчунин аз Русия, Узбакистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Фаронса, Укроин, Белорус, Корея, Озорбойҷон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Чин, ИМА ва Бритониё ширкат хоҳанд кард.
Манбаъ афзудааст, дар Намоишгоҳ ширкатҳои табъу нашр ва тоҷирону фурӯшандагони дохиливу хориҷӣ маводи чопиву таҷҳизоти полиграфии хешро пешниҳод мекунанд. Дар чорчӯби ин намоишгоҳ ҳамчунин маҳфилҳои шеъру суруд, озмуни "Шоҳномахонӣ", мизи гирд, рӯнамоии китобҳои тозанашр, озмунҳои "Ношири муваффақ", "Беҳтарин таблиғгари китоб" ва "Муаллифи сермаҳсули сол" гузаронида хоҳад шуд.