Сафари пурхатар: чӣ гуна чархболи Раҳмон парвози нимсоатаро дар се соат анҷом дод

© Фото : Пресс-служба президента РТПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон в Хатлонской области
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имсол танатанаҳои ҷумҳуриявии наврӯзӣ дар шаҳри Панҷиканд таҷлил шуданд, ки дар он раисҷумҳури Тоҷикистон ширкат дошт. Вале кам нафароне медонистанд,ки сабаби чанд соат дертар шурӯъ шудани барномаҳо, “раҳгум” задани чархболи раисҷумҳур будааст

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар тантанаҳои асосии таҷлили Наврӯз ва ифтитоҳи як қатор иншоотҳо рӯзи 28 март ба вилояти Суғд сафар кард. Сафари раисҷумҳур аз шаҳри Панҷиканд оғоз шуд.

Сокинони шаҳр бояд соати 8:30 субҳ раисҷумуҳурро пешвоз мегирифтанд. Аммо маросими пешвозгирӣ танҳо баъд аз соати 12 оғоз шуд. Он вақт кам касоне пай бурданд, ки чаро барнома ба таъхир афтод. Танҳо раиси вилоят ва чанд масъулин медонистаанд, ки чархболи раисҷумҳур бо далели бад шудани ваъи ҳаво се соат дар роҳ монд.

Мақомоти Тоҷикистон пас аз гузаштани қариб ду ҳафта он рухдодро "фош" карданд ва хабар доданд, ки чархболи раисҷумҳур бо далели бад шудани вазъи обу ҳаво роҳгум зада буд ва парвози  нимсоатаи Эмомалӣ Раҳмон се соат идома кард.

Ҷумҳурият — нашрияи расмии  Тоҷикистон дар гузорише чуну чарои ин қазияро шарҳ додааст.

Муаллифи гузориш А. Асадзода, ки менависад, дар ин сафар раисҷумҳурро ҳамроҳӣ мекард, аз далелҳои то як рӯз ба таъхир афтодани тантанаҳои наврӯзӣ, сафари пурхатари ҳайъати раисҷумҳур ва фурудоии изтирории чархболи кишвардор ба Майхӯра нақл кардааст.

Ба гуфтаи вай, ҳанӯз рӯзи 26 март Эмомалӣ Раҳмон дар як ҷаласаи ҳукуматӣ дар истинод ба пешбиниҳои ҳавошиносон супориш дод, ки сафар на рӯзи 27 март, балки 28 март оғоз гардад.

Дар идомаи гузориш муаллиф менависад, парвоз ба рӯзи 28 март, соати 08:00 ба нақша гирифта шуда буд ва чор чархболи "Тоҷик Эйр", ки дутои он чархболи эҳтиётии низомӣ буданд, омодаи парвоз буданд.

"Вале боридани борон дар Душанбе авҷ гирифт ва эҳтимоли фаромадани туман дар масири парвоз аз тарафи ағбаи Анзоб зиёд буд",- меафзояд вай.

Эмомалӣ Раҳмон дар Панҷиканд - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон бо мардуми Панҷиканд Наврӯз таҷлил кард

Ду чархболи низомӣ аз чархболи раисҷумҳур пештар парвоз карда, соатҳои 9 хабар медиҳанд, ки ҳавои ағба мусоид аст ва ҳайъати раисҷумҳур ба роҳ мебароянд.

"Тақрибан дақиқаи сиву панҷуми   парвоз буд, ки ба шишаи чархбол нигоҳ кардам, ки деҳаҳои Айнӣ ва Панҷакентро тамошо кунам. Лекин ба чашмам фақат кӯҳ менамуд.  Ҳол он ки мо дар зарфи сӣ дақиқа бояд ба фурудгоҳи Панҷакент мерасидем. Мо дар иҳотаи кадом кӯҳҳо ҳастем, маълум набуд",- менависад вай.

Чархболҳо барои муайян кардани масири парвоз баланд мебарояд ва маълум мешавад, ки онҳо дар зарфи беш аз ним соат на танҳо ба Панҷиканд нарасидаанд, балки дар Майхӯра розҳгум задаанд.

"Баъди боло баромадан маълум шуд, ки мо дар болои мавзеи Майхӯра қарор дорем ва аз чор тараф дар муҳосираи туман мондаем. Яъне, дар зарфи сиву панҷ дақиқа мо ба ҷои расидан ба Панҷакент дар болои Майхӯра давр задаем ва роҳ ҷустаем",- менависад вай.

Ҳамин тавр, чархболи раисҷумҳур  изтирорӣ дар Майхура нишастааст.

Чархболҳо оҳиста-оҳиста ба пастравӣ оғоз карданд ва дар канори дарёчае яке  дар тарафи рост, дигаре дар канори чап, фуруд омаданд.

"Майдончаҳои нишаст тақрибан як километр поёнтар аз шоҳроҳи Душанбе — Чанак дар чуқурӣ — ҷое, ки дар давраҳои гузашта барои нигоҳубини роҳ таъйин шуда будааст, ҷойгир буданд. Дар канораи майдонҳо як — ду бинои хурди куҳнаву фарсудаи чӯбиву лойӣ қарор дошт, ки ҳанӯз ҳам барои коргарони масъули нигоҳдории шоҳроҳ ҳамчун паноҳгоҳ хизмат мекардааст",- афзудааст Асадзода.

Муаллиф менависад, он ҷо сокинон ба гирди чархбол ҷамъ омаданд ва ҳатто зане барояшон нони гандумӣ ва чой гарм овард.

Ба гуфтаи вай, баъди чанде раисҷумҳурро бо мошини раиси ноҳияи Варзаб роҳро бо мошин идома дод.

"Мошинҳои мо ба роҳ баромаданд. Шоҳроҳро набаста буданд ва ҳамаи воситаҳои нақлиёт — ҳам аз тарафи пойтахт ва ҳам ба сӯи он — ҳаракати худро идома медоданд, хусусан мошинҳои боркаш ва фургонҳои пурбор зиёд буданд. Тақрибан баъди чил дақиқа ба фурудгоҳи ноҳияи Айнӣ, ки дар шафати шоҳроҳ воқеъ мебошад, расидем. Он ҷо ду чархболи низомӣ интизори мо буданд",- меафзояд вай.

Дар Истаравшан ба раисҷумҳур ҷома пӯшониданд - Sputnik Тоҷикистон
Даҳ лаҳзаи ҷолиби сафари Раҳмон ба Суғд

Ба гуфтаи вай, ин парвози чархболи раисҷумҳур низ ин қадар бомуваффақият набуд.

"Вале, чӣ мегӯед, ки парвоз ба самти Панҷакент низ он қадар ҳамвору беташвиш нашуд. Шамоли сахте, ки аз самти муқобили парвоз, яъне аз ғарб мевазид, чархболи моро мисли арғунчаки кӯдакон ба болову поён ва чапу рост алвонҷ медод",-омадааст дар гузориш.

Ҳамин тавр, парвози нимсоати ҳайъати раисҷумҳур дар се соат ба анҷом расида, онҳо ба Панҷиканд расидаанд.

"Ба ҳамин аҳвол чархболҳо соати дувоздаҳ ба фурудгоҳи Панҷакент расиданд. Ҳаво офтобиву нарм ва замин тамоман хушк буд ва аз борони зиёди ҳамагӣ чанд соат пеш борида асаре дида намешуд. Одамони зиёд, ки шояд аз соатҳои шаш ё барвақттар интизори Ҷаноби Олӣ буданд, бо хурсандиву рӯҳияи болидаи идона Пешвои муаззами худро истиқбол гирифтанд",- тавзеҳ медиҳад вай.

Ёдрас мешавем, сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Суғд се рӯз идома кард ва ӯ танҳо 31 март пас аз ширкат дар маросимҳои идонаву ифтитоҳи иншоотҳо аз фурудгоҳи Хуҷанд бо ҳавопаймо ба Душанбе баргашт.

Лентаи хабарҳо
0