Эмомалӣ Раҳмон бо мардуми Панҷиканд Наврӯз таҷлил кард

Обуна шудан
Шоми рӯзи 28 март Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Панҷиканд ширкат кард

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Раисҷумҳур кулли мардуми меҳнатқарини мамлакат ва шаҳри Панҷикандро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфтааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки наврӯзи имсола барои мардуми шарифи Тоҷикистон хотирмону таърихист, чун ки маҳз дар рӯзҳои фарорасии наврӯзи ҷаҳонӣ аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид ташаббуси наву ҷаҳонии Тоҷикистон — Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" расман оғоз гардидааст.

Эмомали Рахмон в Согдийской области, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Наврӯз ба Панҷиканд рафт

"Ин чорумин иқдоми Тоҷикистон аст, ки давоми даҳ соли оянда бар нафъи аҳли башар татбиқ мегардад", — гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳур изҳори умед кардааст, ки минбаъд низ мардуми шаҳри Панҷиканд бо кору пайкори созанда барои шукуфоии диёри хеш ва болоравии нуфузи кишвар дар арсаи олам ҷаҳду талош меварзанд.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи иштирокчиёни базми наврӯзро бо ҷашни бошукуҳи баҳору зебоӣ табрику таҳният гуфтааст.

Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори баҳору наврӯзи хуҷастапай бо иштироки устодони санъати тоҷик, ҳунармандону санъаткорони вилоят ва шаҳри Панҷиканд ва бо барномаи театрикунонидашудаи тараннумгари фарҳанги наврӯзӣ бошукуҳ баргузор шудааст.

Лентаи хабарҳо
0