ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Дар ин бора сухангӯи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева хабар медиҳад..
Шодихон Ҷамшед аз як қатор иншооти сохташавандаи ҳудуди шаҳри Хоруг боздид кардааст.
Зимни ошноӣ бо сифати корҳои сохтмонӣ дар Маркази таълимии қисми низомии 0410-и Қушунҳои сарҳадии КДАМ раиси вилоят аз сифати фарши хобгоҳи он изҳори нигаронӣ карда, ба намояндаи Хадамоти назорат дар соҳаи сохтмон дар вилоят ва дигар шахсони масъул дастур додааст, то вақти баистифодадиҳӣ ҷиҳати ба талаботи сохтмонӣ мутобиқ намудани он тадбирҳои амалӣ андешанд.
Раиси вилоят вобаста ба хунук омадани фасли зимистон ба масъулин дастур додааст, ки барои таъмини хобгоҳ бо гармӣ чораҳои зарурӣ андешиданд.
Ҳамчунин раиси вилоят ва ҳайъати гурӯҳи корӣ бо сохтмони ошхона, ки барои зиёда аз 200 ҷой пешбинӣ гардидааст ва маркази интиқоли об ошно шуда, барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта дастурҳо додааст.
Ҳангоми ошноӣ бо сохтмони Театри миллӣ дар шахри Хоруғ, Шодихон Чамшед гуфтааст, ки маблағҳои буҷетие, ки барои ин муассисаи бузурги фарҳангӣ ҷудо гардидаанд, бояд мақсаднок истифода бурда шаванд.
Ба масъулони соҳаи сохтмони вилоят ва шаҳри Хоруғ дастур дода шудааст, ки ҷиҳати таъмини машқгоҳҳои театри оянда бо системаи муайяни гармидиҳӣ ва рӯшноии муайян барои саҳна ва толори асосии театр санад монда, дар мувофиқа бо Дирексияи сохтомни иншооти ҳукуматии Дастгохи раисҷумҳур ва институти лоиҳакашӣ ба тарҳ тағйирот ворид созанд.