Аз корҳои созандагии боғи "Дӯстии халқҳо" раисҷумуҳур шахсан дидан кард

Обуна шудан
Боғи “Дӯстии халқҳо” соли 1972 таъсис ёфта, майдони умумии он 30 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин дар масоҳати 5,9 гектар наҳри равон мавҷуд аст. Наздики 90 нафар коргари доимӣ ба нигоҳубини боғ ва ба корҳои ободонӣ машғул мебошанд

ДУШАНБЕ, 11 апр- Sputnik. Имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе  Рустам Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо рафти корҳои созандагӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии "Дӯстии халқҳо" шинос шуданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Боғи "Дӯстии халқҳо" соли 1972 таъсис ёфта, майдони умумии он 30 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин дар масоҳати 5,9 гектар наҳри равон мавҷуд аст. Наздики 90 нафар коргари доимӣ ба нигоҳубини боғ ва ба корҳои ободонӣ машғул мебошанд. Дар даромадгоҳи қисми ҷанубии боғ муҷассамаи барқади шоири классики тоҷику форс Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ мавҷуд аст.

Душанбинский зоопарк - Sputnik Тоҷикистон
"Боғи ҳайвонот"-и Душанберо ба наздикии бозори "Корвон" мекӯчонанд

Бино бар иттилои манбаъ, корҳои ободонию азнавсозӣ дар Боғи "Дӯстии халқҳо" ба зиммаи Ҳукумати вилояти Хатлон гузошта шуда, то имрӯз дар ин ҷо корҳои назаррасе анҷом ёфтааст.

"Аз ҷумла, зимни азнавсозии боғ бо тарҳи нав дар масоҳати 41 ҳазор метри мураббаъи роҳравҳои марказӣ ва дохилӣ тахтасангҳои ороишӣ шинонида шуда, майдони 4, 2 гектар кабудизор гардид. Барои сабз нигоҳ доштани алафзор 3200 адад обпошакҳо насб карда шуд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳамчунин дар масоҳати 10 ҳазору 880 метри мураббаъ корҳои сангчинӣ дар канори наҳри дохили боғ, шинонидани 160 адад курсӣ, 500 адад таҷҳизоти равшандиҳӣ, бунёди 2 даромадгоҳ, 1 адад суҳбатҷой, 35 ҳазор дона гулҳои ороишию мавсимӣ, иҷро гардидааст.

Барои ободонии муҳити зист ва ба як мавзеъи дилфиреб табдил додани боғи "Дӯстии халқҳо" дар боғ 6 ҳазору 468 адад дарахти гуногун, аз ҷумла 276 соснаи қримӣ, 7 адад липа, 4 каштан, 298 кипарис, 32 дуб, 49 клён, 5 пихта, 5 чормағз, 24 соснаи санавбар, 129 костона, 45 гулу буттаҳои сирен, 265 сафедор, 151 кипариси аризонӣ, 60 бодом, 41 армуғон, 22 барбарис, 47 кактус дастрас ва шинонида шуд.

унёи афсона дар ҳудуди Муассисаи давлатии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ сохта шудааст - Sputnik Тоҷикистон
Аҳволи боғи "Олами афсона" пеш аз бедандону бедум мондани динозаврҳо

Корҳои азнавсозии Боғи "Дӯстии халқҳо" — ро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба уҳда дорад.

Дар майдони 2,31 гектари боғ Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 варзишгоҳи хурди муосири футбол, теннис ва майдончаи бозии кӯдакон бунёд карда истодааст. Дар ду тарафи даромадгоҳи боғ бо 500 ҷой таваққуфгоҳ барои мошинҳо бунёд мегардад.

Манбаъ меафзояд, дар ҳамин ҷо ба сарвари давлат ҳамчунин лоиҳаи бунёди толори роллердром муаррифӣ карда шуд.

Иншооти мазкур дар масоҳати наздики 1 гектар бунёд шуда, дар ду ошёнаи он майдончаҳои роликтозӣ, бозиҳои компютерӣ ва мағозаи фуруши либосҳои варзишӣ бо қаҳвахонаҳо дар атрофи бино сохта мешавад.

Толори роллердром бо маблағи 2 миллион сомонӣ аз тарафи соҳибкорони ватандӯст бунёд мегардад ва дар рафти сохтмон 50 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин мегарданд.

"Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо корҳои анҷомёфта ба роҳбарияти Ҳукумати шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт ва дигар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ дастур дод, ки корҳои ободонӣ, чароғонкунии боғ ва дигар тадбирҳои созандаро вусъат диҳанд",- омадааст дар гузориш.

Раисҷумҳур ба Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон супориш додааст, ки дар ҳудуди Боғи "Дӯстии халқҳо" як амфитетр бо 1 ҳазору 500 ҷойи нашаст бо сифати баланд сохта пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт намоянд.

Лентаи хабарҳо
0