Дунёи афсона" дар ҳудуди Муассисаи давлатии "Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ" сохта шудааст ва он дорои 11 намуд майдончаву таҷҳизоти дилхушӣ мебошад. Дастгоҳҳо асосан барои кӯдакони синни то 12 сола пешбинӣ шудааст.
Дар як тарафи маҷмааи зикршуда пайкараҳои азимҷуссаи динозаврҳо гузошта шудааст, ки онҳо бо қувваи барқ ҳаракат карда, садо мебароранд. Сохтани ҳайкалҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ дар ҳудуди маҷмаа олами афсонаи кӯдаконро боз ҳам рангин мекунад.
Дар як гӯшаи иншооти фароғатии кӯдаконаи "Дунёи афсона" барои ҷавонону наврасон ду майдончаи варзишии намудҳои волейбол, баскетбол, футболи хурд, теннис ва таҷҳизоти алоҳида барои тамрини бадан бунёд карда шудааст.
Аммо рӯзи гузашта хабар дода шуд, ки дар рӯзи таҷлили Наврӯз ба дидани ин боғи зебо чунин мардуми зиёд омаданд, ки дар натиҷаи якчанд арғунчак ва қаҳрамонҳои афсонавии боғ корношоям шуданд.
Афзун бар ин соатҳои 16:00 масъулини боғ маҷбур шуданд, ки муваққатан дарғҳои "Дунёи афсона"-ро ба рӯйи мардум баста, барои пайваст кардани дандонҳои шикастаи динозаврҳо ва думҳои афтидаи онҳо мутахассисонро даъват кунанд.
Аксеҳое, ки Sputnik Тоҷикистон пешниҳод мекунад, як рӯз пеш аз "ҳодиса" аккосӣ шудаанд.










