Намояндагони Сафорат то ҳол дар сари болини Бозор Собир ҳастанд

Обуна шудан
Ҳафтаи гузашта хабар дода шуд, сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА Фарҳод Салим ва намояндаи Тоҷикистон дар СММ дар паҳлӯи шоири бемор ҳастанд ва ба ӯ кӯмак мерасонанд

ДУШАНБЕ, 10 апр- Sputnik. Намоядаи Сафорати Ҷумҳури Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар як сӯҳбати кӯтоҳе ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, то ҳол кормандони ниҳод дар бари шоир Бозор Собир ҳастанд.

Ёдрас мешавем, 5 апрел хабари бемории шоири тавонои тоҷик Бозор Собир дар расонаҳро ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гашт.

Тавре наздикони устод хабар доданд, аҳволи шоир вазнин буда, вай дар Шӯъбаи эҳёи яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтлии Амрико табобат мегиранд. Бозор Собирро  маризии қалб ранҷ медодааст.

Бозор Собир: ман ҳеч гоҳ опозитсионер набудам - Sputnik Тоҷикистон
Бозор Собир: шоир беҳтарин интелегенти миллат аст

Дар дунболи ин хабар, дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, дастури қатъии кишвардор Эмомалӣ Раҳмонро мунташир кард. Раисҷумҳур ба роҳбарияти ВУХ ҶТ, Сафорати Тоҷикистон дар Амрико ва дигар масъулин супориши қатъӣ дод, ки ба аёдати Бозор Собир рафта, ӯро дастгирӣ ва кӯмак кунанд.

Ҳамин тавр, манбаъ, рӯзи 7 апрел як гузориши дигар мунташир кард, ки дар он гуфта мешуд, "ду рӯз мешавад, ки сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим, намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Маҳмадамин Маҳмадамин дар паҳлуи бемор қарор доранд ва ба ӯ кумаку ёрии ҳамаҷониба мерасонанд".

Аммо ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон аз шарҳи бештари ин қазия худдорӣ кард ва дар бораи вазъи саломатии устод Бозор Собир маълумоте надод.

Ба гуфтаи вай, Сафорати ҶТ дар ИМА ҳама гуна маълумотҳои заруриро ба ВУХ Тоҷикистон ирсол мекунад, ки дар ҳолати зарурӣ мунташир хоҳад шуд.

Бозор Собир 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Маълумоти миёнаро дар интернати давлатии шаҳраки Ҳисор ба даст овард ва соли 1962 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар риштаи забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ хатм кардааст. Солҳо дар матбуот, аз ҷумла дар дафтари рӯзномаи "Маориф ва маданият", маҷаллаи "Садои Шарқ", ҳафтаномаи "Адолат" фаъолият намудааст. Соле дар кишвари Афғонистон ба сифати мутарҷим ифои вазифа доштааст. Аз соли 1979, ҳудуди даҳ сол, дар Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ба унвони мушовири бахши шеър кор кардааст.

Лентаи хабарҳо
0